Интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ рӯзи 27‑уми октябр таҳти шиори «Интихоби ман — Ватани ободам!» баргузор мешавад.
Ҷараёни сиёсии мазкур аз пешинаҳояш хеле фарқ дорад. Яке аз навгониҳо ин аст, ки фаъолияти ҳамаи дараҷаҳои комиссияҳои интихоботӣ ва ҷараёнҳои интихоботи онҳо пурра рақамӣ карда шуданд. Акнун бюрократия ва ҳаракати ҳуҷҷатҳо ихтисор мешаванд.
Мисол, дар сохтори ахбори «Е-saylov» оиди наздик ба 400 ҳазор иштирокчиёни ҷараёни интихобот, аз ҷумла аъзои комиссияи интихобот, номзадҳо ба депутатӣ ва мушоҳидон базаи калони маълумотҳоро ташаккул медиҳанд.
Сохтори ахбор бо платформаҳои дигари электронӣ интегратсия гардида, бисёр тартиб ва таомилҳои интихобот бе омили инсон автоматӣ карда мешаванд. Аз он 32 ҳазор нафар иштирокчиёни ҷараёни интихобот ба тарзи касбӣ истифода мебаранд. Бо истифодакунандагон ба воситаи 40 навъи SMS-хабарномаҳо мулоқот карда мешавад.
Мувофиқи хабарҳо қариб 60 намуди муносибатҳои комиссияи интихоботӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо, мушоҳидон ва воситаҳои ахбори оммавӣ пурра ба воситаи сохтори мазкур ба тарзи электронӣ амалӣ мегардад.
Агар дарк намуда бошед, акнун масъалаи бо интихобот вобаста дошта бошед, ба комиссияи қитъа ё ки ҳавза вохӯрдани шумо шарт нест. Ғайр аз ин, бори аввал дар таърихи мамлакат намояндагони халқ ба палатаи поёнии парлумон ба воситаи сохтори омехтаи интихобот интихоб карда мешаванд. Ба таври оддӣ гӯем, аз 150 депутати Палатаи қонунгузорӣ 75 нафар бо роҳи овоздиҳӣ ба шахсони муайян, 75 нафари боқимонда бо овози барои ҳизбҳо дода (пропорсионалӣ) интихоб мешаванд. Танҳо ҳамин тағйирот нишон медиҳад, ки ҳар як овози дода чӣ қадар арзиш дорад. Ёки соддатар фаҳмонем, дар интихоботҳои пешина шумо 3‑то бюллетенро пур кардаед. Акнун ҳангоми овоздиҳӣ комиссияи қитъаи интихоботӣ 4‑то бюллетен медиҳад.
Инҷо боз як тағйиротро бояд ёдрас кард. Чунки дар забони расмӣ қонунгузории интихобот ба андозаҳои пешқадами демократӣ ҳамоҳанг карда шуд, мегӯянд, ин навгонӣ низ дар ҷараён аҳамияти муҳим дорад. Хулоса, сохтори нави органҳои интихобот, ки сарвараш Комиссияи Марказии интихобот аст, роҳандозӣ карда шуд.
Акнун чун пешина барои ҳар як ҷараёни интихобот комиссияи алоҳида ташкил карда намешавад. Танҳо дар комиссияи вилоятӣ аввал якто аъзои ба таври доимӣ фаъолият дошта бошад, акнун ду нафар ходим аз буҷет музд мегирад. Онҳо то ба охир расидани муддати ваколати Шӯро, яъне дар давоми панҷ сол фаъолият пеш мебаранд.
Боз як гап. Барои дар интихобот интихоб шудани номзадҳо гирифтани овози бартариноки нисбӣ муайян гардид. Мувофиқи он номзад дар ҳавзаи интихоботӣ нисбати номзадҳои дигар бештар овоз ҷамъ оварад, депутат интихоб мешавад.
Шумо медонед, ки дар интихоботҳои қаблӣ дар ҳавзаҳо схемаи 50+ кор мекард ва дар баъзе ҳолҳо аз сабаби аз нисф зиёди овози интихобкунандагонро гирифта натавонистани ҳеҷ яке аз номзадҳо дар он ҳавзаҳо интихоботи такрорӣ гузаронида мешуд. Навгоние, ки дохил карда шуд, ба чунин оворашавиҳо роҳ намедиҳад.
Агар шумо то ҳол низ дар фикри «Интихобот барои ман шавқовар нест» бошед, давомашро хонед. Чунки, дар интихоботи индафъаина онҳое, ки депутат интихоб мешаванд, нисбати пешинаҳо соҳиби ваколатҳои бештар мегарданд. Аз ҷумла, ваколатҳои Палатаи қонунгузорӣ аз 5‑то ба 12‑то, дар Сенат аз 12‑то ба 18‑то зиёд карда шуданд.
Ба ҳайати Шӯрои намояндагони халқи вилоят ҳокими вилоят роҳбарӣ намекунад. 33‑то ваколатҳое, ки қаблан дар ҳоким буд, ба Шӯроҳои маҳаллӣ гузаронда шуданд.
Факт ва рақамҳо
Мувофиқи таҳлилҳо дар ҷумҳурӣ наздик ба 30 ҳазор нафар номзадҳо барои депутатӣ ба рӯйхат гирифта мешаванд. Вакилони боэътимоди онҳо наздик ба 90 ҳазор нафар мебошанд.
Беш аз 120 ҳазор нафар аъзоҳои комиссияҳои интихоботӣ ба сифати ташкилотчӣ фаъолият пеш мебаранд.
Дар ҷараён иштироки беш аз 70 ҳазор мушоҳидони маҳаллӣ ва байналмилалии хориҷӣ пешбинӣ мешавад.
Тахмин мекунанд, ки иштирокчиёни ҷараёни интихобот наздик ба 400 ҳазор нафар мебошанд.
Киҳо дар рақобатҳо иштирок мекунанд?
Мувофиқи қонунгузории дар амалбуда, ҳизбҳои сиёсӣ ваколат доранд, ки номзадҳо ба депутатиро пешниҳод кунанд. Барои ин ҳизб 4 моҳ қабл аз оғози интихобот бояд аз рӯйхати Вазорати адлия гузашта бошад.
Аз ин бармеояд, ки дар 5 ҳизби дар амалбуда имкони иштирок дар интихобот ҳаст. Аммо онҳо то 18‑уми август имзои камаш 40 ҳазор интихобкунандаро, ки иштирок дар интихоботро дастгирӣ мекунанд, бояд ҷамъ кунанд.
Комиссияи Марказии интихобот маълумотҳоро то 22‑юми август месанҷад ва рӯйхати ҳизбҳоеро эълон мекунад, ки метавонанд дар интихобот иштирок кунанд.
Ё.МАРҚАЕВ тайёр кард.
