Ovozi.uz

Тоҷикистону Ӯзбекистон ба нақша гирифтаанд минтақаро бо оби нӯшокӣ аз кӯли Сарез таъмин кунанд

Дар Душанбе ҷонибҳо дурнамои чунин лоиҳаро баррасӣ карданд.

Дар ҷаласаи гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба истифодаи комплексии захираҳои обии дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ ҳайатҳои ҳарду кишвар имкониятҳои истифодаи захираҳои обии кӯли Сарезро барои таъмини кишварҳои минтақа бо оби тозаи нӯшокӣ баррасӣ карданд.

Ҷаласа 3 август дар Душанбе таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев баргузор шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳо ба масоили амалисозии лоиҳаҳои нави муштараки фаромарзӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи хоҷагии об таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ният доранд ба ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи муштараки захираҳои обӣ густариш бахшанд.

Қобили зикр аст, ки масъалаи истифодаи оби кӯли Сарез барои эҳтиёҷоти ҳарду кишвар дар таъмин бо оби нӯшокӣ ҳанӯз соли 2018 дар суҳбати сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев зимни сафари сарвари давлати Тоҷикистон ба Ӯзбекистон баррасӣ шуда буд.

Он замон сарони кишварҳо ба комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дастур дода буданд, ки чунин имконият мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ дар форумҳои байнулмилалӣ чандин бор таъкид дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тоза аст ва пешниҳод мекард, ки кӯли Сарез барои таъмини кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо оби нӯшокӣ барои давраи дарозмуҳлат истифода шавад.