Ovozi.uz

Ваколати шӯрои намояндагони халқ меафзояд

Ҳоло дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ барои интихоботи навбатӣ, ба тадбири сиёсии муҳим омодагӣ мебинанд. 26‑уми июли соли равон Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон кард, ки интихоботи навбатӣ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ 27‑уми октябр баргузор мешавад ва компанияи интихоботӣ кори худро оғоз намуд. Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев таъкид намудаанд, ҳар як ҷараёни сиёсии имрӯза барои ояндаи кишварамон, барои боз ҳам рушд намудани мамлакат ва аз ҳама муҳимаш барои баланд бардоштани қадри инсон дар Ӯзбекистони азизамон хизмат менамояд.
Мувофиқи қонунгузорӣ интихоботи навбатӣ аз интихоботҳои пешина фарқ мекунад. Тибқи моддаи 128‑уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ ҳангоми анҷом ёфтани ваколати намояндагони феълӣ дар сеюмин даҳрӯзаи моҳи октябр, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд, гузаронида мешавад.
Дар ҷамъомади Комиссияи марказии интихобот роҷеъ ба ташкил гардидани системаи «E-saylov» таъкид карда шуд. Оид ба тартиби истифодаи он ва механизмҳояш маълумотҳои муфассал тақдим гардид. Дар бораи тасдиқ карда шудани нақшаи календарӣ, ки барои қонунӣ ва дар асоси тартибҳо гузаштани интихобот хизмат мекунад, ҳарф зада шуд. Инчунин, таҳти шиори махсуси «Интихоби ман — Ватани ободам!» гузаронида шудани ҷараёни ин тадбири сиёсӣ маънои амиқи худро дорад. Зеро, мақсади асосии интихобот барои халқ намояндагони муносибро пайдо кардан ва ба ободии кишвар саҳм гузоштан мебошад.
Фарқи интихоботи имсола аз гузаш­та­гон дар он аст, ки имсол мо натиҷаи ба чӣ андоза бартарӣ доштани конститутсияи ислоҳшударо мебинем. Нахустин дигаргунӣ дар ҷараёни интихоботро бояд таъкид намуд, ки имсол бори аввал ин рӯйдоди сиёсӣ дар асоси системаи интихоботи омехта гузаронида мешавад. Яъне, ба тариқи мисол ба Палатаи қонунгузорӣ имсол 150 нафар депутатро интихоб карда шавад, 75‑тои онҳо дар асоси системаи мажоритарӣ ва 75‑тои дигар дар асоси системаи пропортсионалӣ (мутаносиб)-и интихоб карда мешаванд. Дар системаи мажоритарии интихобот номзаде, ки бештари овозҳоро гирифтааст, дар ҳавзаи мушаххас интихоб мешавад. Дар ин сурат номзаде интихоб мешавад, ки аз шумораи умумии овозҳо аксарияти мутлақи овозҳоро гирифтааст. Номзад ғолиб дониста мешавад, агар вай аз ҳар як рақибаш бештар овоз гирад.
Дар системаи мутаносиби интихобот, интихобкунандагон ба ҳизб овоз медиҳанд, на ба шахси мушаххас. Ҳар як ҳизб рӯйхати намояндагони худро пешниҳод мекунад. Дар ин маврид интихобкунандагон ба тарафдории рӯйхати намояндагоне, ки аз ҷониби ҳизбҳои дахлдор пешбарӣ шудаанд, овоз медиҳанд. Интихобкунанда воқеан ба ҳизби сиёсӣ овоз медиҳад, на ба номзад.
Боз як ҷиҳати муҳимми ин интихобот беш аз 30 вазифаи ҳокимони минтақаҳо ба шӯро гузаронида шуд. Минбаъд ҳокимон дар як вақт раиси Шӯрои намояндагони халқ шуда наметавонанд. Дар таҳрири нави Конститутсия ба Шӯрои намояндагони халқ раисе роҳбарӣ мекунад, ки тибқи қонун интихоб мешавад ва шахсе, ки вазифаи ҳокими вилоят, ноҳия, шаҳрро иҷро мекунад, дар як вақт раиси Шӯрои намояндагони халқ низ шуда наметавонад. Палатаи қонунгузорӣ ҳам беш аз ин пурқувваттар мешавад. Ин дар Сарқонуни нави мо тасдиқи худро ёфтааст. Ҳуқуқ ва ваколати онҳо чӣ қадар зиёд шавад, муаммоҳои халқ ба он миқдор хуб бартараф карда мешаванд. Дар қонуну қарорҳои нав манфиатҳо боз ҳам мустаҳкам мегарданд ва албатта, интихоботи навбатӣ дар асоси қонунҳои мазкур гузаронида мешавад.
Мо бонувонро дар ҳама ҷабҳа ҳамеша дастгирӣ мекунем ва ин ҳам аз нуқтаи назари қонунӣ ва ҳам аз рӯи арзишҳои миллиамон рӯз то рӯз мустаҳкам мегардад. Қаблан 30 дарсади номзадҳои аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбаришуда зан-духтаронро ташкил карда бошад, акнун 40 дарсади онҳо бонувонро дар бар мегирад. Ин ҳам яке аз ҳодисаҳои муҳимми интихоботи имсола ба шумор меравад. Тавассути ин ислоҳотҳо иштироки бонувон дар ҷараёнҳои сиёсӣ меафзояд ва агар аз ҷониби интихобкунандагон овозҳои мувофиқро ба даст оваранд, дар оянда сафи зан-духтарон ҳам дар Палатаи қонунгузорӣ ва ҳам дар Шӯроҳои маҳаллӣ бештар ба назар мерасад.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар ин ҷараёнҳо бояд фаъолияти худро намоён карда тавонанд, яъне мақсадҳои пеш аз интихобот дар назди худ гузоштаашонро барои манфиати халқамон иҷро кунанд, мавқеи онҳо дар назди интихобкунандагон боз ҳам баланд мешавад. Дар вақтҳои охир мушоҳида кардан мумкин аст, ки фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсии мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба эътибори мардум ҳавола мегардад. Онҳо на танҳо дар ҷараёнҳои интихобот, балки дар тамоми самтҳои дигар ба пеши худ мақсаду вазифаҳо гузоштан ва барои ҳалли онҳо камар бастанро бояд ба нақшаи асосӣ тадбил диҳанд. Чунки ҳизбҳои сиёсиамон барои иштирок дар интихобот, пешбарии номзадҳо пас аз оғози маърака (компания)-и интихоботӣ дар муддати бештар аз 4 моҳ бояд аз рӯйхати Вазорати адлия гузаранд. Ин талаботи қатъӣ мебошад.
Чӣ тавре, ки таъкид намудем, акнун раъйдиҳандагон на танҳо ба номзадҳо, балки ба ҳизбҳо низ овоз медиҳанд. Барои ба даст овардани бештари овозҳо мақсад ва вазифаҳои ҳизбҳои сиёсӣ бояд халқона бошад ва механизми амалӣ гардонидани онҳо дақиқ нишон дода шавад. Дар замони имрӯза бо суханҳои беҳуда ва ваъдаҳои пуч ба боварии мардум ноил гардидан мумкин нест.

Фармон ОЧИЛОВ,
мудири котибияти Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд