Дар Самарқанд маҷмӯаи инноватсионии «Маркази имтиҳони вилояти Самарқанд» ба кор даромад. Дар чорабиние, ки ба ҳамин муносибат гузаронида шуд, роҳбарони секторҳо, ташкилотчиёни марказ ва фаъолон иштирок намуданд.
Сарвари Хидмати бехатарии ҳаракати роҳи Департаменти бехатарии ҷамоатии Вазорати корҳои дохилӣ, полковник Шерзод Иброҳимов ва ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов зимни суханрониҳои худ таъкид карданд, ки имрӯзҳо масъалаи бехатарии ҳаракати роҳ хеле муҳим аст ва фаъолияти ин гуна марказҳо далели куллан аз байн бардошта шудани коррупсия дар соҳаи гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гардидааст.
Дар марказ ҳамарӯза қариб 800 нафар имтиҳонҳои назарӣ ва 400 нафар (довталаб) имтиҳонҳои амалии ронандагиро супориданашон мумкин аст.
Аз рӯи маълумоти масъулон, тамоми ҷараён автоматӣ кунонида шудааст. Вақте ки номзад ба марказ меояд, QR-коди индивидуалии худро мегирад. Дар он ҳар як марҳилаи имтиҳонҳои ӯ нишон дода шудаанд. Барои аз имтиҳони назарӣ гузаштан довталабро лозим аст ба 20 савол камаш 18 ҷавоби дуруст ёбад. Барои ин 25 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад. Агар аз ин марҳила гузарад, ҳуқуқи супурдани имтиҳони амалиро ҳам пайдо мекунад. Агар номзад аз имтиҳони амалӣ гузашта натавонад, аз рӯзе, ки имтиҳони назариро бомуваффақият супурдааст, дар тӯли 2 моҳ бо интервали 7‑рӯза имтиҳонро дубора супурда метавонад.
Барои супурдани имтиҳони амалӣ дар марказ автодроми автоматӣ, ки аз се қисм иборат аст, мавҷуд мебошад. Дар қисми аввал даъвогарони шаҳодатномаҳои ронандагии тоифаи «B», «C» ва «D», дар дуюмӣ тоифаи «А» ва дар сеюмӣ тоифаи «BE», «CE» ва «DE» имтиҳон месупоранд.
Барои онҳое, ки муҳтоҷи тайёрӣ оид ба имтиҳонҳои назариву амалӣ мебошанд, дар марказ экспресс-курсҳо вуҷуд доранд.
Баъди бомуваффақият супурдани ҳар ду имтиҳон, сертификат дода мешавад ва номзадҳо бо сертификат ба Садорати бехатарии ҳаракати роҳ муроҷиат мекунанд. Онҳо маълумотҳои сертификатро тафтиш карда, бо тартиби муайян шаҳодатномаи ронандагӣ медиҳанд.
Ғ.ҲАСАНОВ.
