Дар бораи хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оиди ташкили фазои нави сиёсӣ дар минтақа
Минтақаи Осиёи Марказӣ дар давоми чаҳоряк аср давраи душворро аз cap гузаронд. Дар байни халқҳои мо, ки забон, дин ва урфу одатҳои якхела доранд, ихтилофҳо ва адоват ба таври сунъӣ ба вуҷуд оварда шуд. Ин вазъияти ногувор ҳатто борҳо вазъияти ҷангро ба миён овард.
Сарҳадҳо баста, омадурафти одамон боздошта, кӯҳу сангҳо минагузорӣ шуданд. Вазъият то ба дараҷае расид, ки халқҳои дўсту бародар ба ҳам бо чашми душманӣ менигаристанд. Масъалаҳои истифодаи муштараки дарёҳои фаромарзӣ, кӯҳҳо ва чарогоҳҳо, ки барои Осиёи Марказӣ умумианд, ба як бунбаст расид. Манфиатҳои умумӣ, муносибат ва ҳамкориҳо қатъ гардид.
Ин давр ба таърих ҳамчун солҳои душвортарин барои Осиёи Марказӣ дохил шуд. Мардуми мо беҳуда нагуфтааст: «Аз хонае, ки як рўз ҷанҷол шуд, чил рўз барака мепарад». Зеро, дар Осиёи Марказӣ иқтисоди ҷудогона, амнияти ҷудогона, ҳавои ҷудогона, оби ҷудогона вуҷуд надорад. Ин мамлакат ва халқҳоро Офаридгор бо ҳам зич алоқаманд намудааст.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз замони ба раҳбарии давлат омадани худ ба ҳалли мушкилот ва печидагиҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кард. Он замон бархе аз сиёсатмадорон таъкид намуда буданд, ки ин кӯшишҳо баръабас аст. Ба назари онҳо, гӯё ҳеҷ роҳе барои аз байн бурдани низоъҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад. Мутаасифона, мо ба ин дидгоҳҳо ва тасаввуроти бардурӯғ мутобиқ шуда будем.
Ман шахсан шоҳиди он будам, ки дар чорабиниҳое, ки ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ меомаданд, мо ба якдигар бегонавор нигариста, ба фикрҳоямон мухолифат кардаем. Мушоҳида кардани ин ҳолатҳо хеле душвор буд. Мардуми Осиёи Марказӣ асрҳо аз як дарё об нӯшидаанд ва аз як танӯр нон хӯрдаанд. Баъзан онҳо ҳамчун қудову андаҳо, бародару хоҳарон якҷоя зиндагӣ кардаанд.
Чун сарҳадҳо баста, ба миёна монеаҳои симӣ кашида шуда, муносибатҳо сард гаштанд, пеш аз ҳама мардуми оддӣ зарар дид. Мутаассифона, ин давра хеле тӯл кашид. Намояндагони насли калонсол ба чунин разолат тоб наоварда, бо чашмони кушода аз дунё рафтанд.
Эътимод ва таваҷҷуҳи нахустини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Президент Шавкат Мирзиёев ба туфайли иқдомоти оқилонаи ӯ дар робита бо Осиёи Марказӣ буд. Аз ҷониби Мирзиёев пароканда шудани тамоми шубҳаҳо, гумон ва монеаҳои сунъӣ ба суботи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ асос гардид.
Ростӣ, инҳо бо осонй ба даст наомадааст. Барои об кардани яхҳо бисёр саъю кӯшиш намуда шуд. Дар ин бобат ташаббусҳои Ӯзбекистон авлавият касб кард. Ўзбекистон барои Осиёи Марказӣ консепсияи махсуси бовариро пеш гузошт. Президент Шавкат Мирзиёев барои баргардонидани эътимод ба Осиёи Марказӣ иродаи сиёсии худро намоён кард. Дар натиҷа, дар арсаи сиёсии ҷаҳон дар маҷмўъ як мафҳуми қавию устувори Осиёи Марказӣ пайдо шуд.
Ӯзбекистон барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ кушода шуд. На танҳо кушода шуд, балки аввалин шуда ба онҳо даст дароз кард. Самимона ба оғӯш гирифт, меҳр изҳор намуд, даъват кард, ки ихтилофоти гузашта фаромӯш карда шаванд. Бори дигар аз решаҳои таърихиамон, ҳамбастагӣ, қадршиносӣ ва бародарии аз ниёгонамон мерос гузошташуда ёдовар шуд.
Соли 2017 бо ташаббуси Президентамон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Самарқанд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таърихи умумӣ ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ дар роҳи рушд ва тараққиёти барқарор» ҳамоиши байналмилалӣ ташкил гардид.
Шавкат Мирзиёев дар суханронии таърихии худ дар ин ҳамоиш суоли зеринро матраҳ намуд: «Вазъият дар минтақа чӣ гуна инкишоф хоҳад ёфт? Дар ин ҷо чӣ гуна қудрат бартарӣ пайдо мекунад? Ихтилоф ва зиддиятҳо ё ки ҳамкорӣ ва рушд?»
Бар асоси вазъи воқеии минтақаи Осиёи Марказӣ, ин саволи доғи рӯз ҳамагонро ба андеша ва хулосабарорӣ водор намуд. Коршиносон ва сиёсатмадорон, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ ширкат доштанд, эътироф карданд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ тағйироти куллӣ сурат хоҳад гирифт. Онҳо таъкид карданд, ки Ӯзбекистон дар ин равандҳо нақши ҳалкунанда ва муҳимро мебозад.
Ин беҳуда нест, албатта. Дар давраи гузашта касе бо чунин даъват ба майдон наомада буд. Олимон ва мутахассисони мо буҳрони тақрибан 25 сол боз дар Осиёи Марказӣ идомадошта ва оқибатҳои манфии он, хисороти ба иқтисоди кишварҳо ва захмҳои ба дили мардумонамон расонидашударо меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Боварӣ дорам, ки номи қаҳрамоне, ки ин ғуборро рафъ кардааст, ҳатман дар таърих мемонад.
Имрӯз дар амал барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкиле нест, ки ҳал нашуда бошад. Дар ин замина мулоқотҳои машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъсис ёфта, мунтазам баргузор мегарданд, мавқеи хеле муҳимро ишғол мекунанд.
Аз нигоҳи мантиқӣ нигарем, касе омада мушкилоти байни моро ҳал карда намедиҳад. Дар замонҳои кадим гузаштагони мо анҷуман даъват карда, ҳар як масъалаи мураккабро бе ҷангу ҷанҷол ҳал кардаанд.
Тавре сарвари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар иҷлосияи 78‑уми Сарассамблеяи СММ изҳор кард: «Дар солҳои охир Осиёи Марказӣ бо роҳи ҳамсоягии нек, субот, ҳамкориҳои мутақобила ва рушд равона аст. Ба шарофати талошҳои муштаракамон Ӯзбекистон тавонист мушкилоти сарҳадҳои давлатӣ, долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи обро бо тамоми ҳамсояҳои худ бартараф намояд. Бо камоли боварӣ гуфтан мумкин аст, ки халқҳои моро ҳиссиёти дарки махсусияти минтақавӣ муттаҳид мекунад ва ин ҳиссиёт торафт пурзӯр мегардад. На танҳо таърихи мо, балки ояндаи мо ҳам, манфиатҳои муҳими ҳаётиамон ҳам умумӣ ва муштарак мебошанд. Мо ба ҷуз аз густариши ҳамкориҳои минтақавии худ роҳи дигар надорем ва дошта ҳам наметавонем! Боварӣ дорам, ки бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ Осиёи Марказӣ минбаъд низ роҳи ваҳдатро пеш хоҳад гирифт. Табдил додани Осиёи Марказӣ ба як минтақаи сулҳҷӯ ва шукуфо ҳамчун ҳадафи афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон боқӣ мемонад».
Коршиносони байналмилалӣ, ки сулҳу суботро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳлил кардаанд, эътироф карданд, ки дипломатияи эътимоди мутақобила, ки аз ҷониби Ӯзбекистон пеш бурда мешавад ва пайваста амалӣ мегардад, дар ин равандҳои таърихӣ пирӯз шудааст.
Баъзан фикр мекунам, ки ба муноқишаҳои байни ҳамсояҳои наздик ягон омили табиӣ сабаб шуда наметавонистааст. Хоҳ замин, хоҳ об, хоҳ мавзеъҳои ихтилофноку номуайяни сарҳад, ҳалли ҳамаи онҳоро бо сулху осоиштагӣ, дӯстиву бародарӣ, хешу ақрабоӣ ёфтан мумкин будааст.
Имрӯз бо иродаи сиёсии Ӯзбекистон ва раҳбари он Шавкат Мирзиёев миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ошкорбаёнӣ, наздикӣ ва ҳамбастагӣ ҳукмфармост. Дар шаҳру деҳоти Ӯзбекистон шаҳрвандони кишварҳои ҳамсояро мебинам, ки дар мошинҳои худ озодона мегарданд ва чунин меҳисобам, ки ба қадри ин рӯзҳо бояд расид.
Ман шодам, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз сабақ гирифтан аз гузашта ояндаи муштарак бунёд мегардад. Аз ин лиҳоз, ман ифтихор дорам, ки Ӯзбекистон мавқеи таърихии худро барқарор намуда, тамоми масъулиятро ба зиммаи худ гирифтааст. Бовар дорам, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамчун сарвари давлате, ки эътимодро ба Осиёи Марказӣ баргардонидааст, дар таърих хоҳад монд.
Дар хотима чунин фикру мулоҳизаҳои сарвари давлатамонро овардан бамаврид аст: Сулҳу осоиши устуворро танҳо бо кӯшишҳои умумӣ ва ҳаракатҳои якҷоя таъмин кардан мумкин аст. Мо аз ҳарвақта бештар ба рӯҳияи эътимоди мутақобила, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ ниёз дорем…
Рустам ХОЛМУРОДОВ, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
арбоби фани Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аъзои Сенати Олий Маҷлис
