Ovozi.uz

Ба собиқадорони меҳнат нишонҳои сарисинагӣ супурда шуданд

Дар бинои ҳокимияти вилояти Самарқанд барои нурониёне, ки тибқи қарори Шӯрои парасторони Бунёди «Нуроний» ҷиҳати дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон бо нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» мукофотонида шуда буданд, маросими супоридани ин нишонҳо баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Идораи ҷумҳуриявии бунёди «Нуроний», Қаҳрамони Ӯзбекистон Содиқҷон Турдиев, ҷонишини якуми ҳокими вилояти Самарқанд Фирӯз Абилов ва дигарон роҷеъ ба эътибори баланди кишварамон нисбати нурониён, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти давлат ва ҷамъият изҳори назар карданд.
— Дар шароити имрӯза, ки манзараи ҷаҳон пайваста тағйир меёбад, дар минтақаҳои мухталифи рӯи замин нооромӣ мушоҳида мешавад, нақши нурониён дар таъмини сулҳу ваҳдати кишварамон, ба роҳ мондани фазои солими маънавӣ, мустаҳкам намудани оила, ба ҷавонон таълиму тарбия додан ва аз таъсирҳои гуногун муҳофизат намудани онҳо бузург аст, — гуфт С. Турдиев. — Онҳо бо таҷрибаи ғании ҳаётӣ ва ибратбахши шахсии худ дар лоиҳаҳои «Як нуронӣ ба даҳ ҷавон масъул», «Устод-шогирд»-и маҳаллаҳо фаъолона иштирок мекунанд. Ба хотири қадрдонии хидматҳои чунин падарону модарони фидокор ва арҷгузорӣ ба онҳо бо ибтикори Сарвари давлатамон соли 2017 нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» таъсис ёфта, ҳар сол садҳо нурониёни фидокори мо соҳиби ин мукофот мешаванд. Аз ҷумла, имсол 68 нафар пиронсолони Самарқанд бо нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси»-и дараҷаи якум, дуюм ва сеюм сарфароз гардиданд.
Дар маросим нишонҳои сарисинагӣ ба соҳибонашон бо тантана супорида шуданд.
Дар чорабинӣ собиқадорони меҳнат ба сухан баромада, барои эҳтирому таваҷҷӯҳи зоҳиршуда изҳори сипос намуданд.
— Сухани пиронсолон монанди занги огоҳӣ мебошад, — гуфт дорандаи нишони дараҷаи 1‑уми «Меҳнат фахрийси» Абдулло Барноев. — Мо набояд ба ҳар як сухан «кафкӯбӣ» кунем. Баръакс, мо бояд виҷдони ҷомеа бошем, ба ҳодисаҳои дар он рӯйдиҳанда аз нуқтаи назари танқидӣ нигоҳ карда, ба ҷавонон роҳи дурустро нишон диҳем. Боварӣ дорам, ки эътирофи имрӯза масъулияти моро дар ин бобат боз ҳам зиёд мекунад.
Бояд қайд намуд, ки то ҳол 421 нафар сокинони Самарқанд бо медали «Меҳнат фахрийси» мукофотонида шудаанд. Акнун ба қатори онҳо боз 68 нафар нурониён дохил шуданд.
Пас аз маросими тантанавӣ собиқадорони меҳнат дар сари як пиёла чой сӯҳбат оростанд.