Ovozi.uz

Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ манъ карда шуд

Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва бо овози баланд хондан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шуд. Дар ин хусус дар қонунҳо дар бораи разилатҳо ва фазилатҳо, ки дар ин кишвар ба тасвиб расидаанд, омадааст.

Қонунҳо, ки 114 саҳифа ва 35 моддаро дар бар мегиранд, аз ҷониби агентии Ассошиэйтед Пресс таҳлил карда шудаанд.

Аз ҷумла, қонунҳо чунин ҷанбаҳои ҳаёти ҳаррӯзаро ба монанди нақлиёти ҷамъиятӣ, мусиқӣ ва идҳо фаро мегиранд.

Моддаи 13 ба занон дахл дорад. Дар он гуфта мешавад, ки овози зан «маҳрам» аст. Аз ин рӯ, ба занон дигар иҷозат дода намешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ суруд сароянд ва бо овози баланд қироат намоянд.