Ҳайати намояндагон бо сарварии узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой, котиби Кумитаи ҳизб дар шаҳри Тянсзин Чэн Минэр ҳамроҳи ходимони масъули Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ӯзбекистон ба шаҳри Самарқанд омаданд.
Ҳокими вилоят Э.Турдимов меҳмононро дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Самарқанд пешвоз гирифт.
Дар вохӯрӣ роҳбарон роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдо-иқтисодӣ, маданӣ-гуманитарӣ байни вилояти Самарқанд ва шаҳри Тянсзин мубодилаи афкор намуданд.
Ҳокими вилоят ба меҳмонон дар бораи салоҳияти иқтисодии минтақа, имконият ва қулайиҳои барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳамоварда маълумот дод. Дар рафти вохӯрӣ ба лоиҳаҳои бузурге, ки бо ширкатҳои Хитой амалӣ мегарданд, фаъолияти корхонаҳои муштарак ва нақшаҳои ояндаи онҳо эътибори махсус дода шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо бо ҳамкорӣ дар соҳаҳои электротехника, дорусозӣ, сайёҳӣ ва ғайра, таҳкими муносибатҳои соҳибкорони ду минтақа пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Инчунин, масъалаи дар Самарқанд ва Тянсзин барпо намудани парки замонавии саноатӣ низ баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки аз рӯи масъалаҳои дар ҷамъомад зикршуда ба кори амалӣ шурӯъ намуда, бизнес-форумҳои муштарак ва мулоқотҳои соҳибкорон ташкил карда шавад.
Ҳайати вакилони Хитой бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии вилоят шинос шуд. Ба ёдгориҳои меъмориву мадании шаҳр саёҳат ташкил карда шуд.
Парки саноатӣ ташкил мешавад
