Ovozi.uz

Аз рӯи из ҳам ҷиноятҳо фош карда мешаванд

Дар ҷустуҷӯи ҷинояткор экспертизаи трасологӣ (аз рӯи из хулоса баровардани мутахассисон, ташхис) кӯмак хоҳад кард. Пайдоиши соҳаи мазкур солҳои қадим ҳам маъмул буд. 

Дар он замонҳо одамон барои шикор кардан ва ёфтани самти ҳаракати шарик ё сайд изҳояшонро мекофтанд.

Имрӯзҳо соҳаи трасологӣ дар пешгирии ҷиноятҳо ва ҷинояти содиршуда ҳангоми тафтишот аниқ муайян кардан нақши муҳим мебозад. Ин, албатта яке аз қисмҳои асосии криминалистика ба шумор меравад.

Дар мамлакатамон экспертизаи трасологӣ ҳам гузаронида мешавад. Талабот ба ташхисе, ки аз ҷониби шӯъбаи вилоятии экспертизаи судӣ гузаронида мешавад, сол аз сол меафзояд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ танҳо дар вилояти Самарқанд аз ҷониби марказ 241 хулосаи ташхиси трасологӣ дода шудааст. Дар роҳҳо зиёдшавии шумораи нақлиёт барои экспертизаи трасологӣ талаботро зиёд кардааст. Масалан, нақлиёте, ки пиёдагардро зада, аз ҷои воқеа ғойиб шудааст. Пас аз пайдо кардани мошинҳои гумонбаршуда аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташхиси трасологӣ таъин карда мешавад. Агар гумони экспертиза тасдиқ ёбад, он дар суд ба сифати далел кор фармуда мешавад.

Отабек ИБРОҲИМОВ, эксперти калони шӯъбаи вилоятии экспертизаи судии ба номи Х.Сулаймоноваи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон