Ovozi.uz

Истифодаи бозиҳо дар дарсҳои таърих

Истифодаи бозиҳо дар дарсҳои таърих раванди омӯзишро шавқовар гардонида, ба ташаккули майлу рағбати маърифатҷӯии хонандагон мусоидат менамояд. Дар чунин дарсҳо фазои мусоид ба вуҷуд меояд, ки дар он унсурҳои интихоби озод ва эҷодии хонандагон рушд мекунад. Дар давоми бозӣ қобилияти кор дар гурӯҳ инкишоф меёбад, чунки аксар вақт ғалабаи тамоми даста дар бозӣ танҳо бо саъю кӯшиши ҳар як узви он имконпазир мегардад.
Барои исботи фикрҳои қайдшуда чанд намунаи бозиро пешниҳод менамоем, ки шояд барои ҳамкасбон дар фаъолияти амалӣ кӯмак расонанд.

Бозии «Дарёфти мамлакатҳо»

Омӯзгор вобаста ба шумораи хонандагон аҳли синфро ба якчанд гурӯҳ ҷудо мекунад. Ҳар як даста лифофа мегирад, ки дар дохили он номҳои шахсони маъруфи таърихӣ (Спитамен, Тумарис, Солон, Ҳеродот, Тутанхамон, Дорои I, Куруш, Ҳомер, Сезар, Евклид, Перикл ва ғайра) навишта шудаанд. Дар дасти омӯзгор боз 4 лифофаи холӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо номи давлатҳо: Сомониён, Форс, Миср, Юнон, Рим ва ғайра навишта шудааст. Вазифаи хонандагон аз он иборат аст, ки дар лифофаҳое, ки номи давлатҳо навишта шудааст, номи шахсони таърихиро мувофиқ кунонда, ҷо ба ҷо намоянд.

Бозии «Суханони кӣ?»

Муаллим ба хонандагон варақчаеро, ки дар он суханони ходимони таърих, сиёсатмадорон ва ҳакимон навишта шудаанд, тақсим мекунад. Хонандагон бояд муайян кунанд, ки ин суханон аз ҷониби кӣ, кай, дар куҷо ва дар кадом ҳолат баён ё навишта шудаанд. Ба хонандагон иҷозат дода мешавад, ки барои ёфтани иқтибос аз китоби дарсӣ истифода баранд.

Бозии «Аз даҳон ба даҳон»

Бозиро бо аҳли синф гузаронидан мумкин аст. Омӯзгор барои иштирок дар бозӣ 4 хонандаро даъват мекунад. Се нафари онҳо бояд аз синф берун карда шаванд. Омӯзгор аз китоби дарсӣ матнеро ба аҳли синф (хонандаи чорум ҳам) мехонад. Матн бояд кӯтоҳу шавқовар бошад ва метавонад ҳадди аксари номҳо, санаҳо, мафҳумҳоро дошта бошад. Пас аз анҷоми қироати матн ба синф иштирокдори дуюми бозӣ даъват карда мешавад. Вазифа аз он иборат аст, ки иштирокдорони бозӣ бо навбат маълумоти аз ҳамдигар шунидаро нақл кунанд. Иштирокдори охирин (чорум) чизеро, ки аз суханони иштирокдори сеюм фаҳмид, ба аҳли синф нақл мекунад. Муҳим аст, ки бозӣ бо суръати тез гузарад ва иштирокдорони он бе таваққуф маълумоти шунидаашонро мубодила намоянд. Баъд аз он омӯзгор матнро бори дуюм оҳиста-­оҳиста хонда, ба хонандагон барои аз худ кардани мазмуни он кумак мекунад ва байни аҳли синф оид ба мазмуни матн саволу ҷавоб ташкил менамояд.

Бозии «Қаҳрамон, сана ва воқеа»

Дар бозӣ ҳамаи синф иштирок карда метавонад. Барандаи бозӣ (омӯзгор) аз назди иштирокдорон гузашта, аз яке номи қаҳрамон, аз дигаре санаи ба он мувофиқ ва сеюмӣ воқеаи ба онҳо мувофиқро мепурсад. Хонандае, ки аз ӯҳдаи баёни фикр баромада натавонад, аз бозӣ хориҷ мешавад.

А.ИСМОИЛОВ, омӯзгор