Рӯзи 8–10‑уми сентябр дар толори маҷлисҳои Маркази сайёҳии «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд анҷумани муштараки ду ташкилоти бузурги ҷаҳон оид ба нассоҷӣ (бофандагӣ) — Федератсияи истеҳсоли байналмилалии нассоҷӣ (ITMF) ва Федератсияи байналмилалии либос (IAF) баргузор гардид.
Федератсияи истеҳсоли байналмилалии нассоҷӣ 123 иттиҳоди бофандагии ҷаҳонро муттаҳид намуда, дар васеътар кардани алоқаҳои ҷаҳонии корхона ва брендҳои таркиби онҳо мусоидат мекунад.
Федератсияи байналмилалии либос бошад, 60 иттиҳод ва зиёда аз 100 ҳазор бренд ва ширкатҳои хурди тиҷоратии таркиби онҳоро муттаҳид месозад. Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон соли 2014 ба узвияти ITMF ва соли 2020 ба узвияти IAF пазируфта шуда буд.
Анҷумане, ки дар мавзӯи «Инноватсияҳо, ҳамкорӣ ва тартиб — нерӯҳои ба ҳаракатдарорандаи саноати нассоҷӣ ва истеҳсоли либос» гузаронида шуд, на танҳо намояндагони саноати нассоҷии Ӯзбекистон, балки мутахассисони пешсафи ҷаҳонро муттаҳид намуд. Барои гузаронидани ин анҷуман Туркия, Миср, Индонезия ва ҳатто ИМА барин кишварҳои ҷаҳон даъвогарӣ кардаанд, вале дар Ӯзбекистон гузаронида шудани он муайян гардид.
Дар анҷуман брендҳои маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла ташкилотҳои Zorlu Holding, SANKO Textile-и Туркия, Cao Jia-Chang CCCT, Sycoretec CAS-и Хитой, Jas Bedi Bedi-и Ҳиндустон, American & Efird LLC-и Амрико, Säntis Textiles-и Сингапур, Giant Textile-и Бангладеш ва дигар ташкилотҳои бонуфуз иштирок карданд.
Дар рӯзи аввали конференсия, ки бо ҳамкории Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон, инчунин, иттиҳоди «Ўзтўқимачиликсаноат» ташкил гардид, масъалаҳои технологияҳои муосири индустрияи нассоҷии ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ, имкониятҳои ҳамкорӣ ва ба тартиб даровардани соҳа баррасӣ гардиданд.
Зимни анҷуман сессияҳо оид ба нах, бофандагӣ, стандардсозӣ ва сертификатсозӣ гузаронида шуда, дар онҳо мутахассисони хориҷӣ бо маърузаҳои худ иштирок намуданд.
9‑уми сентябр, анҷумани муштарак расман ба кори худ шурӯъ кард. Дар он нахуст аз ҷониби ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев табрики Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокдорони анҷуман хонда шуд.
Сипас, ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов иштирокдоронро шодбош гуфта, таъкид кард, ки дар Самарқанд гузаронида шудани аввалин анҷумани муштараки ду ташкилоти бузурги нассоҷӣ барои самарқандиён ва ҳамаи ӯзбекистониён ифтихор аст.
— Имрӯзҳо Самарқанд бо анъанаҳои қадимии худ дар соҳаи нассоҷӣ дар ин самт аз қатори пешсафон ҷой мегирад, — гуфт Э.Турдимов. — Дар вилояти мо зиёда аз 820 корхонаи саноати нассоҷӣ фаъолияти самаранок пеш мебаранд. 20 дарсади саноати истеҳсолии минтақаамонро саноати нассоҷӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ин соҳа яке аз драйверҳои асосии рушди иқтисодии мо ҳисобида мешавад. Дар 5 соли охир содироти маҳсулотҳои текстилии вилояти Самарқанд ба 2,5 баробар зиёд шуд ва имрӯзҳо ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон экспорт карда мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки мо бо брендҳои машҳури ҷаҳон ҳамкорӣ дорем. Минтақаи мо сармоягузоронро барои ҳамкориҳо даъват менамояд.
Дар идома раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Даврон Ваҳобов, президенти Федератсияи истеҳсоли байналмилалии бофандагӣ K. В. Сринивасан, президенти Федератсияи байналмилалии либос Ҷем Алтан ва дигарон оид ба аҳамияти анҷуман, созишномаҳои ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда ҳарф заданд.
— Дар конфронси имрӯза бисёр ширкатҳои нассоҷии бузурги ҷаҳон иштирок доранд, — гуфт сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Шарифов. — Ин барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон мусоидат намуда, барои рушди соҳаи нассоҷӣ дар минтақа аҳамияти калон дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар конфронси имрӯза ба роҳ мондани гуфтушунидҳо байни ширкатҳо, инчунин мақомотҳои давлатӣ муфид арзёбӣ мешаванд.
Чорабинӣ бо намоиши либосҳо идома ёфт. Дар он либосҳои миллӣ ва замонавии корхонаҳои дӯзандагии Самарқанд, чун «Happy bird Samarkand art gallery», «Fazman garment industry», «Meros» ва ғайра тайёркардаро намоиш доданд.
Дар қисми дуюми рӯз сессияҳо оид ба саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар Ӯзбекистон, барқарорӣ ва тартиб, зеҳни сунъӣ дар силсилаи қимати нассоҷӣ доир гардиданд.
Рӯзи охири анҷуман низ як қатор чорабиниву сессияҳо гузаронида шуданд.
Ҳ.СУЛАЙМОНӢ.
