Ба даромадгоҳ ва саҳни бинои маҳаллаи Фозил Йӯлдоши ноҳияи Булунғур ба таври шинохтанашаванда зебу оро дода буданд. Дар ду тарафи роҳрави калони маркази маҳалла намоиши сабзавот, махсусан помидор бештар ба назар мерасид. Дар ин ҷо на танҳо сокинони маҳаллаи ин ноҳия, балки деҳқонону фермерони дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон низ сабзавот ва маҳсулоти полизии худро намоиш медоданд. Ташкилотҳои гуногуни ба деҳқонон ёрирасон, инчунин ҳунармандон, дастаҳои санъаткорон ва ансамблҳои фолклориву этнографӣ ҳам буданд. Дар ин ҷо бори аввал сайли помидор баргузор гардид.
Дар ноҳияи Булунғур 36809 гектар майдон дар соҳаи хоҷагии қишлоқ истифода бурда мешавад. Бар замми майдонҳои кишти зироату замини лалмӣ 17140 гектари онро чарогоҳҳо ташкил мекунад. Ноҳияи Булунғур, ки бо помидорҳои худ машҳур аст, майдони сабзавоти ноҳия ба 4121 гектар доман паҳн кардааст. Ҳамчун кишти такрорӣ ҳам дар ин ҷо сабзавот, картошка, зироати лӯбиёгӣ ва хӯроки чорво корида мешавад.
Ба сайли помидор роҳбарони вилоят, ноҳия ва меҳмонони шаҳру ноҳияҳо ташриф оварда буданд. Онҳо бо шавқу завқи беандоза маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳоро тамошо карда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд медоданд.
Дар сайл намояндагони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Самарқанд консерва» ҳам бо маҳсулоти худ иштирок доштанд.
— Мо танҳо аз помидор 15 хел консерва ва ҳар гуна томатҳо тайёр мекунем, — гуфт ҳангоми сӯҳбат роҳбари корхона Бахтиёр Муродов. — Умуман, аз бисёр навъҳои сабзавот консерва омода кардан мумкин аст. Бояд таъкид намуд, ки 100 дарсади маҳсулоти мо табиӣ мебошад. Қуввати истеҳсоли солонаи коргоҳи мо 2,5 миллион бонкаи шартӣ аст. 90–95 дарсади маҳсулоти мо ба хориҷа, аз ҷумла ба Россия, Қазоқистон, ҷумҳуриҳои назди Балтика ва ғайра экспорт мешаванд.
— Шумо сабазавотҳои заруриро мехаред ё замин ҳам доред?
— Аз рӯйи шартнома сабзавотҳои лозимаро аз хоҷагиҳо харида мегирем. Инчунин, худамон ҳам дар ноҳияи Ҷомбой 300 гектар замини кишт дорем, ки аз ҳосили онҳо ҳам консерва тайёр карда, ба фурӯш мебарорем. Дар корхонаи мо 220 нафар коргарони мавсимӣ ва 130 нафар ба тарзи доимӣ кор мекунанд.
Ҳосили меваю сабзавоти ҷумҳурии мо ширину бомазза ва пур аз витаминҳост. Онҳое, ки меваю сабзавоти тару тозаи моро дастрас карда наметавонанд, аз хушки онҳо истифода мебаранд. Бо ҳамин мақсад дар ноҳия бо Канада корхонаи муштараки масъултияташ маҳдуди «Булунғур сандвик» ташкил карда шудааст. Ин корхона, асосан ба тайёр кардани сабзавоти хушк машғул аст. Корхона бо таҷҳизотҳое, ки аз Италия ва Туркия оварда шудаанд, кор мекунад.
— Корхонаи мо солҳои 90‑ум ташкил шуда буд, — гуфт сарҳисобчии ин коргоҳ Отабек Ӯралов. — Пештар, асосан ба хушк кардани мева машғул будем. Баъд самти корро каме дигар кардем. Ҳоло қариб 20 хел сабзавоти кишоварзӣ хушк ва қадоқу банду баст карда мешаванд. Мо бо ноҳияҳои Ургут, Ҷомбой, Тайлоқ ва Булунғур шартнома дорем. Пешакӣ доруҳои минералӣ, препаратҳои зарурӣ гирифта дода, инчунин 35–40 дарсади маблағашро мепардозем.
— Иқтидори солонаи корхона чӣ қадар аст?
— Иқтидори корхона соле тайёр кардани 1,5 ҳазор тонна сабзавоти хушк аст.
Ҳоло соле 700–800 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Барои тайёр кардани ин миқдор маҳсулот камаш 40 ҳазор тонна сабзавот лозим мешавад. Қисми асосии маҳсулоти мо экспорт мегардад.
Ҳамин рӯз маросими ба истифода супурдани маркази нави маҳаллаи Фозил Йӯлдош ҳам баргузор гардид. Дар 671 хонаводаи маҳалла 3680 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Маркази нави маҳалла бо ташаббусу дастгирии Илҳомҳоҷӣ ба маблағи 2,5 миллиард сӯм сохта шуда, барои баҳрабардорӣ қарор гирифт.
— Драйвери асосии маҳаллаи мо помидоркориву деҳқонӣ аст, — гуфт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Ҳикматулло Қазоқов. — Мардуми маҳалла 22,5 гектар замини наздиҳавлигӣ дорад. Одамон дар заминҳои худ, асосан ниҳолҳои помидори навъҳои Лазаин, Мандур, Мадера, Навчик, Султон, Бурсу, Волгоград ва ғайра мешинонанд. Ҳар рӯз аз маҳалла то 200 тонна помидор ба фурӯш меравад. Бо ташаббуси Орифҷон Аҳмадов бозори помидор ҳам ташкил карда шуд. Ин бозор тамоми фурӯшгоҳ ва мардуми ҷумҳуриро бо помидор таъмин мекунад. Аз ҳама хурсандиовараш, қиёфаи маркази маҳалла зебо гардид. Дар ин ҷо музейи Фозил Йӯлдош, амфитеатри нав, маркази ҳунармандон ташкил карда шуд.
Дар амфитеатр ва саҳнаҳои дигар санъаткору ҳофизон суруд мехонданду баъзеҳо рақс мекарданд. Тамошобинон баромадҳои ансамблҳои фолклориву этнографӣ ва бахшиҳоро низ бо мароқ мешуниданд.
— Ман мамнунам, ки дар сайли помидор иштирок кардам, — гуфт нафақахӯри маҳаллаи Эрганаки ноҳияи Булунғур Лапас Эргашеви 85‑сола, ки 35 сол омӯзгорӣ кардааст. — Аз дидани маҳсулоти рӯёндаи деҳқонон баҳри дилам кушода шуд. Дар ин ҷо натиҷаи меҳнати ҳақиқии кишоварзонро дида, ба кору заҳмати онҳо аз таҳти дил аҳсант гуфтам. Барои ташкил кардани чунин як сайл аз роҳбарони мамлакату вилоят ва ноҳия бисёр миннатдор шудам. Ҳамчун муаллими собиқадори фанни таърих гуфта метавонам, ки ин хел чорабинӣ, қаноатмандии мардум аз замони фаровонӣ дар таърих нашудааст.
Дар худи ҳамин рӯз дар маҳаллаи Фозил Йӯлдош маросими кушодашавии IT-маркази хонишӣ, китобхонаи электронӣ, маскани ҳунармандон, салонҳои занону мардон, ошхона ва ғайра низ барпо гардиданд.
Б.ҶУМЪАЕВ.
