Сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Ӯзбекистон Смита Пант ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ташриф намуд. Дар ин бора хизмати ахбори муассисаи таълими олӣ хабар додааст.
Дар вохӯрие, ки байни дипломати хориҷӣ ва ректори донишгоҳ, арбоби фанни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви Сенати Олий Маҷлис Рустам Холмуродов баргузор гардид, масъалаи ҳамкориҳои минбаъда муҳокима карда шуд. Ҳангоми мулоқот ба соҳаҳои фан, таълим, хоҷагии қишлоқ, иқтисод, муҳандисӣ, биохимия, физикаи ҳастаӣ, агробиотехнологияҳо эътибори махсус дода шуд.
Рустам Холмуродов пешниҳоди дар назди ДДС бо донишгоҳҳои Ҳиндустон марказҳои муштараки илмӣ ташкил намуда, дар ҳамкорӣ мубориза бурдан бар зидди камбизоатӣ, таъмин кардани барқарорӣ, ҳалли муштараки мушкилоти марбут ба гидрология ва тағйири иқлимро пешбарӣ кард.
Сафир ин ташаббусро дастгирӣ намуда, изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳо ояндадор хоҳанд буд.
Бояд гуфт, ки дар ин муассисаи таълимӣ 8 нафар устодони ҳиндустонӣ фаъолият доранд. Ҳудуди 10 нафар муҳаққиқони ДДС дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҳиндустон таҳсил гирифтаанд.
