Ovozi.uz

Тавассути рушди устувори иқтисодӣ ба фаровонии ҳар як инсон, оила ва ҷамъият ноил мегардем

Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон (ҲЛДӮз) эътироф мекунад, ки мақсади асосии ислоҳоти дар мамлакатамон ҷараёндошта ба инсон, ҳаёти озод, шаъну шараф ва некӯаҳволии ӯ нигаронида шудааст ва дар ин мубориза ҳамеша пешқадам будани худро собит месозад.
Ба ин маъно, ҳизб барои фаровонии рӯзгори мардум барномаи пешазинтихоботии худро, ки 5 мақсад ва 500 вазифаро фаро мегирад, таҳия кард. Мақсади якуми барнома — Тавассути рушди устувори иқтисодӣ ба фаровонии ҳар як инсон, оила ва ҷамъият ноил гардидан буда, ин яке аз ғояҳои асосии ҳизб ба шумор меравад.
Ба қатори давлатҳои даромадаш аз ҳисоби миёна болотари ҷаҳон дохил гардидани Ӯзбекистон мақсади асосии мо мебошад ва ин тавассути фароҳам овардани имконият, озодӣ ва фазои мусоиди тиҷоратӣ барои соҳибкорон амалӣ мегардад.
Мо то соли 2030 ба 160 миллиард доллар расонидани ҳаҷми маҳсулоти дохилии умумӣ ва ба ҳар сари аҳолӣ то 4 ҳазор доллар баровардани даромадро пеши худ мақсад гузоштаем. Дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб ба таври қатъӣ муқаррар гардидани ин вазифа ба ӯҳдаи ҳамаи мо масъулияти бузургро вомегузорад.
Ӯзбекистонро ба мамлакати соҳибкорон табдил медиҳем. Барои ба беш аз 3 миллион нафар расонидани шумораи соҳибкорон чораҳои заруриро меандешем.
Ҷойҳои устувори кориро офарида, камбизоатиро кам мекунем
Дар моддаи 43‑юми таҳрири нави Конститутсия муқаррар гардидааст, ки давлат барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандон, аз бекорӣ муҳофизат кардани онҳо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳо меандешад ва ҳизби мо дар ҳамин асос дар барномаи пешазинтихоботии худ таҳияи нақшаҳои маҳорати алоҳидаи ноҳия, шаҳр, маҳаллаҳоро, ранги умумӣ гирифтани соҳибкориро вазифаи худ мешуморад.
Барои ноил шудан ба сатҳи поини бекорӣ доираи бозомӯзии касбу ҳунар ҳар сол ду маротиба зиёд гардида, дар панҷ сол ба на кам аз 1 миллион шаҳрвандон касбҳое, ки дар бозори меҳнат талаб зиёд аст, омӯзонда мешавад. Албатта, барои ин дар ҳар як ноҳия ва шаҳр мономарказҳо месозем. Системаеро ҷорӣ мекунем, ки ба хатмкунандагони мактабҳо барои комилан омӯхтани на кам аз як касб аз тарафи давлат кӯмак расонида мешавад. Ғайр аз ин, пешниҳод мекунем, ки ҳаҷми кредитҳои имтиёзнок дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ ҳар сол 30 дарсад зиёд карда шавад.
Боз яке аз вазифаҳое, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб ҷой дорад, рағбатноксозии соҳибкории иҷтимоӣ мебошад. Мо ба соҳибкороне, ки аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзмандро бо кор таъмин мекунанд, тақдим намудани имтиёзҳои андози амвол ва заминро пешниҳод мекунем. Барои шаҳрвандоне, ки ба вазъи душвор афтодаанд, системаи тақдими таътилҳои кредитиро ҷорӣ менамоем. Мо ҷонибдорӣ онем, ки ривоҷдиҳии системаи Агентиҳои хусусии таъмини шуғл ва ба аҳолии ниёзманд тақсим карда додани заминҳои нави корам давом дода шавад.
Тавассути поин бурдани нархи асосии захираҳои кредит, бобати ба 3–4 банд кам кардани фоизҳои кредит чораҳо меандешем. Ҳаҷми кредитдиҳии солонаро ба 40 миллиард доллар расонида, ҳиссаи маблағгузориҳои кредитиро дар иқтисодиёт нисбат ба маҳсулоти умумии дохилӣ афзун месозем ва ҳаҷми пасандозҳоро 4 баробар зиёд мекунем.
Муҳити сода, мусоид ва шаффофи тиҷоратиро меофарем
Кам кардани иштироки давлат дар иқтисодиёт, хусусигардонии моликияти давлатӣ, афзунсозии саҳми сектори хусусӣ, ба тамоюлҳои бозор гузаронидани соҳаҳои монополӣ аз мақсадҳои асосии мо ба шумор мераванд. Ҳизб пешниҳод мекунад, ки барои пешгирии бо ҳар роҳ дахолат намудан ба фаъолияти соҳибкорон масъулияти шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ пурзӯр гардида, баҳри поймол кардани дахлнопазирии моликияти хусусӣ, бидуни риояи талаботи қонун мусодираи қитъаҳои замин ва барои расонидани зарар ба амволи онҳо масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан муқаррар гардад.
Дар баробари ин, барои рушди устувори соҳибкорӣ декриминализатсияи баъзе ҳуқуқвайронкуниҳо низ муҳим аст. Аз ин ҷиҳат, мо тарафдори онем, ки намудҳои ҷиноятҳои марбут ба фаъолияти соҳибкориро кам карда, соҳаи мазкур боз ҳам либерализатсия карда шавад.
Ҳизб дар барномаи пешазинтихоботӣ густариши татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаҳои хоҷагии об, экология ва энергетика пешбарӣ менамояд. Мо ташаббуси ҷалби васеи тиҷорати хусусиро ба соҳаҳои роҳсозӣ, интиқоли газу барқ ба миён мегузорем.
Барои дар панҷ соли оянда ба 85 дарсад расонидани ҳиссаи сектори ғайридавлатӣ дар иқтисодиёт чораҳои заруриро меандешем. То 6 баробар кам кардани шумораи корхонаҳои дорои ҳиссаи давлатиро муҳим меҳисобем.
Бобати боз ҳам сода кардани пешбарии тиҷорат, бекор кардани қариб 1000 талаботи бюрократӣ чораҳо меандешем. Шумораи рухсатномаҳоро ду баробар кам мекунем, барои 60 намуди фаъолият, ки литсензия бекор мегардад, системаи хабардоркуниро ҷорӣ менамоем.
ҲЛДӮз дар ташаббусҳои худ муборизаи оштинопазирро бо иқтисодиёти хуфиёна тавассути воситаҳое, ки ба кори тиҷорат монеа эҷод намекунанд, вазифаи асосии худ мешуморад.
Бо мақсади афзунсозии шаффофият дар харидҳои давлатӣ ва боз ҳам васеъ намудани иштироки тиҷорати хурд дар он дар такмил додани қонун «Дар бораи хариди давлатӣ» фаъолона иштирок мекунем. Мо пешниҳод менамоем, ки қонунҳои нав «Дар бораи сармоягузориҳои венчурӣ» ва «Дар бораи краудфандинг» таҳия карда шаванд.
Ҷонибдори сиёсати андози устувор, сода ва одилона ҳастем
Мо пешниҳод мекунем, ки лимити маблағи умумии даромад аз фурӯши маҳсулот барои андоздиҳандагони андози муомилот 5 ҳазор баробари миқдори ҳисоби базавӣ муқаррар карда шавад.
Мо барои бениҳоят кам кардани таъсири омили инсонӣ дар ҳисоботдиҳии андоз чораҳо меандешем.
Ҳизби мо пешниҳод мекунад, ки баъзе талаботи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрӣ бобати ба рӯйхат гирифтани субъекти соҳибкорӣ ба сифати супорандаи андози арзиши иловагӣ бекор карда шаванд. Бахусус, мо ҷонибдори онем, ки маблағи ҳармоҳаи аз соҳибкорон барои истифодаи кассаҳои назоратии онлайнӣ тавассути ҷорӣ намудани идоракунии давлатии нармафзор ситонидашаванда оптимизатсия карда шавад. Ин ба муносибати мақомоти андоз ва соҳибкор таъсири мусбат мерасонад.
Яке аз мақсадҳои асосии мо, дар асоси таҷрибаи давлатҳои пешрафта, ташаккул додани малакаҳои соҳибкорӣ дар мардум, ба онҳо хурд бошад ҳам, бобати роҳандозӣ кардани тиҷорати худ ва ноил шудан ба некӯаҳволии молиявӣ кӯмак расонидан мебошад.
Шабакаҳои саноатиро ривоҷ медиҳем
Дар мамлакатамон ба рушди саноат дар асоси технологияҳои пешқадам эътибори калон дода мешавад. Акнун мо барои 1,4 баробар зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, ду баробар афзунсозии самаранокии меҳнат, татбиқи лоиҳаҳои калон ба маблағи 115 миллиард доллар чорабиниҳои зарурӣ меандешем. Мо дар саноат сиёсати кам кардани нархи аслиро пеш мебарем.
Бобати ба 45 миллиард доллар расондани ҳаҷми арзиши иловашуда дар саноат ва таъсиси 2,5 миллион ҷойҳои кории сердаромад аз таҳти дил кор мебарем.
Барои соҳибкороне, ки ӯҳдадориҳои сармоягузории худро дар минтақаҳои хурди саноатӣ иҷро кардаанд, асосҳои қонунии хусусигардонии қитъаҳои заминро фароҳам меорем. Мо ҷонибдори онем, ки ба соҳибкорони салоҳиятдор аз минтақаҳои саноатии хурд ва ҷавонон бо имтиёзи дар муддати то 10 сол қисм-қисм пардохтан замин ҷудо карда шавад.
Яке аз мақсадҳои ҳизби мо ҳаҷми истеҳсоли солонаи мошинҳоро дар Ӯзбекистон ба 1 миллион адад расонидан аст. Ин ташаббус ба талаби электорати мо ҷавоб медиҳад ва барои тараққиёти иқтисодиёт аҳамияти калон дорад. Ҳамзамон, бо мақсади ба «ҳаби нассоҷӣ»-и минтақавӣ табдил додани мамлакатамон, ба соҳибкорони соҳаи нассоҷӣ ҳамаҷониба кумак мерасонем.
Дар рушди саноат соҳаи иқтисодиёти рақамӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, қабули барномаҳоро барои фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ бобати рушди иқтисодиёти рақамӣ пешниҳод мекунем.
Инчунин, ҳизби мо таҳияи барномаҳоро аз рӯйи рушди «саноати чип», зеҳни сунъӣ ва нанотехнологияҳо пеши худ мақсад кардааст. Мо ба роҳандозии технологияҳои зеҳни сунъӣ, муқаррар намудани тамоюл, стандарт ва қоидаҳои коркарди маълумотҳои рақамӣ эътибор медиҳем.
Бехатарии хӯроквориро таъмин мекунем ва соҳаи аграриро ривоҷ медиҳем
Норасоии об, хушксолӣ, тағйирёбии иқлим фермер ва деҳқононро ба вазъи душвор мегузорад. ҲЛДӮз дар барномаи пешазинтихоботии худ ба ислоҳотҳо дар роҳи бехатарии хӯрокворӣ эътибори алоҳида медиҳад.
Бахусус, барои афзунсозии даромади миёна, ки аз заминҳои барои кишоварзӣ пешбинишудаи мамлакатамон ба даст меоянд, имкониятҳои калон мавҷуд аст. Аз ин рӯ, ба 5 ҳазор доллар расонидани даромаде, ки аз 1 гектар замин гирифта мешавад, вазифаи муҳими мост.
Бо мушоҳидаи ҳаёти соҳибкорон ба ҳамин ҷиҳат эътибор додем, ки барои онҳо таҳияи қонун «Дар бораи кластерҳои агросаноатӣ» зарур аст ва дар ин самт кори қатъӣ пеш мебарем.
Мо ҷонибдори қабули Барномаи миллӣ аз рӯйи рушди кишоварзӣ мутобиқи шароити тағйирёбии иқлим, пешгирии деградатсияи хоку чарогоҳ ҳастем.
Аз ин рӯ, пешниҳоди минбаъд такмил додани пойгоҳи қонунии ба дороиҳои воқеии бозор табдил додани қитъаҳои замини барои кишоварзӣ пешбинишуда, тақсим карда фурӯхтани ҳуқуқи иҷора, ба сифати предмети гарав истифода намудани онро пешбарӣ менамоем.
Иқтидори содиротро боз ҳам зиёд мекунем
Ҳизби мо саъю ҳаракатҳои давлатро, ки дар ин самти сармоягузории хориҷӣ месозад, комилан дастгирӣ намуда, онро дар асоси сохторӣ давом медиҳад ва барои ба 45 миллиард доллар расонидани ҳаҷми содирот ва васеъсозии ҷуғрофияи экспорт фаъолона кор пеш мебарад.
Бобати таъсиси минтақаҳои махсуси содиротӣ бо 50 бренди бонуфузи хориҷӣ, барои соҳибкорони содиркунанда кам кардани ставкаҳои кредит корҳоро пеш мебарем. Дар ҳар як ноҳия дутоӣ минтақаҳои нави саноатӣ таъсис ва на кам аз ҳазор ҷойи корӣ ташкил гардида, содироти хидматҳои технологияҳои иттилоотӣ ба 5 миллиард доллар расонида мешавад.

Абдулло АСЛОНОВ,
муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои сиёсии ҲЛДӮз,
Нодир ҶУМЪАЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.