Воситаҳои электронӣ ва компютерҳо дар азхудкунии донишҳои замонавӣ аҳамияти калон доранд. Бахусус, имрӯзҳо тавассути тахтаҳои интерактивии электронӣ ба хонандагон фаҳмонидани мавзӯъҳо ба сифати таълим таъсири мусбат мерасонад.
Ҳоло дар ноҳияи Нарпай 70 мактаби таълими умумӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 39-тоаш тахтаи электронии замонавӣ дошт. Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ба 31 мактаби таҳсилоти умумӣ, ки тахтаҳои интерактивӣ надоштанд, тахтаҳои нави электронӣ супурда шуд.
Чунин чорабинӣ дар ноҳияи Пахтачӣ низ баргузор гардид. Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ба 17 мактаби таҳсилоти умумии вилоят, ки тахтаи замонавӣ надоштанд, тахтаҳои нави электронӣ тақдим карда шуд.
Дар чорабинӣ сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Шаҳзод Эшонқулов дар бораи ислоҳоте, ки солҳои охир дар соҳаи таълими мамлакат амалӣ мегарданд, ҳарф зад. Ба ҳамаи омӯзгорон дар тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас ва додани донишҳои муосир комёбиҳоро орзу намуд.
Инчунин, дар чорабинӣ аз рӯйи истифодаи платформаҳои таълимии рақамии бар асоси зеҳни сунъӣ (Cerebry) тақдимот гузаронида шуд.
Хидмати матбуоти Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят.
