Вохӯрии навбатии аъзои Шӯрои машварати ҷамоатии тадбиркорони вилоят дар Донишгоҳи Зармед баргузор гардид.
Одатан, чунин чорабиниҳои шӯро дар субъектҳои тадбиркорӣ ташкил гардида, асосан масъалаҳои рушди соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд ва аъзоён бо ҳам таҷриба иваз мекарданд. Дар вохӯрии навбатӣ масъалаҳои омодасозии мутахассисон, муштаракнамоии илм ва амалиёт, роҳандозии навигарӣ ва коркардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва соҳаҳои хидматрасонӣ муҳокима карда шуданд. Аз ин рӯ, ба ҷамъомади машваратӣ роҳбарони муассисаҳои таълими олии вилоят ва иқтисодчиён низ даъват гардиданд.
Ректор ва проректорон дар бораи барномаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои илмӣ, ки солҳои охир дар муассисаҳои худ ҷорӣ кардаанд, маълумот доданд. Бартарии лоиҳаҳои нав бобати фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба мардум ва афзунсозии даромади тадбиркорон бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд Ҷасур Ризоев таъкид кард, то имрӯз дар донишгоҳ 27 лоиҳа таҳия гардида ва ҳоло 4 лоиҳаи инноватсионӣ дар марҳилаи тасдиқ қарор доранд, 5 лоиҳаи стартап ва 5 лоиҳаи тиҷоратӣ мавҷуданд.
— Азбаски коркард ва лоиҳаҳои илмиамонро дар асоси талаботи замон таҳия кардаем, 11 лоиҳаи мо маблағгузорӣ шуд, — гуфт Ҷ.Ризоев. — Ҳоло аз рӯйи даҳ воситаи дорувории нав таҳқиқоти илмӣ идома меёбанд. Боварӣ дорем, ки онҳо низ бомуваффақият амалӣ мегарданд. Умуман, чунин лоиҳаҳо барои донишгоҳ ва барои тадқиқот судманданд. Дар навбати худ тадбиркорону корхонаҳое, ки аз он дар раванди истеҳсолот истифода мебаранд, низ фоида мебинанд. Аз ҳамин сабаб, нақша дорем, ки дар оянда фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро боз ҳам васеъ намоем. Дар ин самт барои ҳамкорӣ бо субъектҳои тадбиркорӣ низ омода ҳастем.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, ки дар вохӯрӣ иштирок дошт, қайд кард, ки аз рушди ҳамкориҳои намояндагони илм ва тиҷорат, баробари ду ҷониб, ҷомеа ва давлат ҳам фоида мебинанд.
— Сарвари давлатамон беҳуда ба соҳаи илму фан чунин эътибор намедиҳанд, — гуфт Э.Турдимов. — Дар замони имрӯза, ки босуръат рушд мекунад, танҳо тавассути иқтисодиёти ба дониш асосёфта ба рушди мамлакат ноил гардидан ва дар сатҳи байналмилалӣ рақобатпазир шудан мумкин аст. Коркардҳои офаридашудаи илмӣ, тадқиқотҳо бояд бо амалиёт алоқамандии узвӣ дошта бошанд. Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки ҳоло дар соҳаи тадбиркорӣ низ нақши мутахассисони хирадманд меафзояд.
Ҳокими вилоят пешниҳод намуд, ки минбаъд чунин вохӯриву ҷамъомадҳои Шӯрои машваратии тадбиркорон дар муассисаҳои таълими олӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони ҷавон гузаронида шаванд. Ин ташаббусро аъзои шӯро дастгирӣ карданд.
— Мо омодаем, ки дар корхонаҳои худ ба пажӯҳишгаре, ки дар як соҳа ва самти муайян корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебарад ва коркарди инноватсиониро меофарад, барои пажӯҳишҳои илмии худро бо амалиёт пайваст намудан шароит фароҳам оварем, — гуфт роҳбари холдинги «SIYOB GROUP COMPANIES» Бахтиёр Маъруфов. — Тавассути ин мо низ ба асоснок гардидани лоиҳа саҳм мегузорем. Ғайр аз ин, метавонем онро худамон харида, дар корхонаҳоямон татбиқ кунем.
Дар рафти вохӯрӣ лоиҳаи дастгирии донишҷӯёни самарқандӣ, ки дар муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Мардумии Хитой таҳсил мегиранд, баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Ҳамкории соҳибкорон бо муассисаҳои таълими олӣ
