Ҳафтаи 13-уми миллии ахборот-китобхонаи «INFOLIB UZBEKISTAN-2024» ба анҷом расид.
Дар доираи он дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ байни мутахассисони муассисаҳои ахбор-китобхонаи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин мутахассиси ахбор-китобхонаи сол» баргузор гардид. Дар озмун мутахассиси маркази ахбор-китобхонаи шаҳри Каттақӯрғон Нилуфар Иноятуллоева ҷои дуюмро ишғол намуда, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 36 миллион сӯм сарфароз гардид.
— Вақте ки дар марҳилаи вилоятии озмун ҷои аввалро гирифтам, хеле ҳаяҷон доштам, — гуфт Нилуфар Инатуллоева. — Зеро дар оянда ҳимояи шаъни тамоми вилояти Самарқанд истода буд. Устодонам боварии зиёд доштанд, ки дар марҳалаи ҷумҳуриявӣ низ ғолиб меоям. Ман кӯшиш кардам, ки ин бовариро ҷавоби муносиб диҳам. Шартҳои озмун осон набуданд. Шабҳоро бедор гузаронида, омодагӣ дидам. Бо шарофати меҳр ба китоб, таҷрибаи китобдорӣ, дастгирӣ ва дуову маслиҳати омӯзгорон, инчунин омодагии пайваста, яке аз ғолибони озмун шудам.
Илова бар ин, дар давоми ҳафта зиёда аз 30 чорабиниҳо, аз ҷумла мизи мудаввар, вохӯриҳо бо эҷодкорон, муаррифии китобҳо, дарсҳои гуногун, озмунҳо ва бозиҳои зеҳнӣ ташкил карда шуданд.
Дар озмуни расмҳо, ки дар доираи анҷумани китобдорони ҷавон таҳти шиори “Муқоваи китобе, ки дар бораи шумост дар тасаввури шумо” баргузор гардид, корманди маркази ахбор-китобхонаи вилоятӣ Мадина Салоҳиддинова соҳиби дипломи дараҷаи аввал ва тӯҳфаҳои хотиравии Китобхонаи миллӣ гардид.
Тӯлқин СИДДИҚОВ
