Ovozi.uz

Натиҷаҳои интихоботи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд эълон карда шуданд

Дар маркази матбуоти Комиссияи интихоботии вилоят бахшида ба натиҷаҳои интихоботи рӯзи 27-уми октябр анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Имсол дар вилоят 8 ҳавзаи интихоботии якмандатии интихоботӣ барои гузаронидани интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 60 ҳавзаи интихоботи барои баргузор намудани интихоботи Шӯрои вилоятии намояндагони халқ ва 410 ҳавзаи интихоботӣ барои интихоботи Шӯроҳои шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуд.

— Дар 1130 қитъаи интихоботии вилоят рӯзи интихобот ба тарафдории номзадҳо ба депутатӣ ва ҳизбҳои сиёсии ин қитъаҳо овоз дода шуд, – гуфт раиси комиссияи митақавии интихоботии вилоят X. Муҳаммадиев. — Овоздиҳӣ аз соати 8:00 оғоз ёфта, дар соати 20:00 ба охир расид. Тақрибан беш аз 100 нозири байналмилалӣ ҷараёни овоздиҳиро мустақиман мушоҳида карданд. Ҳамчунин, дар қитъаҳои интихоботӣ 5650 нафар нозирони ҳизбҳои сиёсӣ ва беш аз 1100 нафар нозирони мақомоти худидоракунии шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби комиссияи вилоятии интихобот ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият доштанд.

Дар рӯзи интихобот 1 миллиону 636 ҳазору 873 нафар шаҳрвандон дар овоздиҳӣ иштирок карданд. Ин 75,9 дарсади шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни овоздиҳии пешакӣ, ки рӯзҳои 16-23-юми октябр баргузор шуд, 181 ҳазору 925 нафар интихобкунанда дар минтақа овоз доданд.

Бар асоси натиҷаҳои овоздиҳӣ 16 нафар аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, 14 нафар аз Ҳизби демократии “Миллий тикланиш”-и Ӯзбекистон, 9 нафар аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон, 10 нафар аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон ва 11 нафар депутат аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон интихоб шуданд.

Дар моддаи 97-уми Кодекси интихобот пешбинӣ шудааст, ки қарорро дар бораи натиҷаҳои интихоботи Шӯрои маҳаллӣ на дертар аз даҳ рӯзи баъди интихобот комиссияи дахлдори интихоботӣ қабул карда, дар матбуот чоп мекунад.

Маркази матбуоти Комиссияи интихоботии вилоят.