Дар моҳҳои октябр-декабри соли ҷорӣ бо мақсади минбаъд ташаккул додани қобилияти фикрронии мустақилонаи хонандагон, тавассути тарғибу ташвиқи мероси ғанию маънавии аҷдодон, ҷалби васеи онҳо ба китобхонӣ, бори аввал озмуни ҷумҳуриявии «Аз пайи ҷадидон» гузаронида мешавад.
Озмун миёни хонандагони синфҳои 6–8 ва 9–10 ташкил гардида, 31‑уми октябр зинаи шаҳриву ноҳиявии он оғоз шуд.
Иштирокчиён дар ин марҳила аз рӯйи ду шарт — тест ва саволу ҷавоб рақобат карданд. 416 нафар хонандагони дар зинаи минтақавӣ ғолиб гардида, дар марҳилаи вилоятии озмун ширкат меварзанд.
Зинаи вилоятӣ дар санаҳои 12–23‑юми ноябр баргузор мешавад ва дар моҳи декабр гузаронидани зинаи ҷумҳуриявӣ дар назар аст.
Дар анҷом ба 14 нафар донишомӯзе, ки ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд ва фаъол иштирок мекунанд, роҳхати сафари таълимӣ ба кишварҳои хориҷӣ тақдим мегардад.
Маҳз бо мақсади ташкили пурсамари озмун ва ташаккули ифтихори миллӣ дар зеҳни хонандагон дар 10118 муассисаи таълимии давлатӣ таъсиси клубҳои «Аз пайи ҷадидон» дар назар аст. То ҳол ба сифати таҷриба дар ҳар 208 шаҳру ноҳия чунин клубҳо ташкил гардидаанд.
Ёдовар мекунем, ки барои иштирок дар ин озмун донишомӯзон нахуст тавассути платформаи jadidlarizidan.uz худро сабти ном карданд. Бино ба ҳолати 30‑юми октябр барои иштирок дар озмун 364 906 нафар хонандагон ариза супоридаанд.
Бори аввал озмуни «Аз пайи ҷадидон» баргузор мегардад
