Ovozi.uz

Вазъи экологӣ дар оянда: роҳҳои ҳалли мушкилот

Дар инкишофи муносибатҳои иҷтимоию экологии инсоният дар ояндаи наздик ва дур эҳтимолу тақсимоти иҷтимоию экологии замин барои одам чун яке аз муаммоҳои глобалӣ саволеро ба миён овард, ки оё инсон дар рӯи замин зиндагӣ карда метавонад ё не? Дар асри XX инкишофи муносибатҳои экологию иҷтимоии инсоният нисбат ба табиат хусусияти низоӣ дошт ва бояд қайд кард, ки он дар айни ҳол ба нуқтаи олии худ расидааст.
Одамон гӯшаҳои табиии нав ба навро азхуд мекунанд ва дар рӯи замин қариб ҳеч ҷойе намондааст, ки пойи инсон ба он ҷо нарасида бошад. Дар таносуби мустақим шумораи аҳолии инсоният зиёд шуда, таъсири антропогенӣ ба муҳити зист мутаносибан меафзояд. Ҷавоби ягонаи иҷтимоии инсоният ба буҳрони глобалии экологӣ ҳифзи якҷояи табиат аст. Аз ин ҷост, ки муаммоҳои мураккаби экологӣ, инкишофи устувори инсоният ва табиат дар ҳамаи зинаҳо — байналмилалӣ, минтақавӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ мавриди баррасиву гуфтугӯҳост.
Расондани таъсири калонтарини харобовар вақте ба вуҷуд омад, ки дар асрҳои 19–20 инқилоби илмию техникӣ ва комёбиҳои он дар тараққиёти худ қадами дуру дароз гузошта буд.
Таъсири бузург ба оби нӯшокӣ ва ҳолати ҳаво истеҳсолоти саноатӣ, нақлиётҳо ва шумораи рӯзафзуни аҳолии сайёраи мо мерасонанд.
Боз кадом мушкилоти дигари экологӣ барои ҷаҳони муосир хосанд? Чангал ва намудҳои биологӣ нобуд шуда, торафт бештар наботот ва ҳайвонот ба Китоби Сурх дохил мешаванд.
Бинобар ин, таназзули замин барои одам муаммои гуруснагӣ тезу тундтар мешавад.
Мувозинати ҷомеа ва табиат ба таври бебозгашт вайрон шудааст ва муҳити зист дигар кодир нест, ки ҳолати аслии худро баргардонад.
Дар тамоми сайёраи Замин ба муносибати иҷтимоию экологӣ, асосан (аз солҳои 80‑уми садаи XX то имрӯз) ташкилоту муассисаҳои давлатӣ машғуланд, қонунҳо қабул мешаванд ва ин муносибатҳо дар мадди назари ҳазорҳо созмону ҷамъиятҳои маҳаллӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо мебошанд. Олимони муосир мефаҳманд, ки агар зарари одамон ва фаъолияти ҳаётии онҳо кам карда нашавад, табиат ва тамоми инсоният хавфи дучори маргро дорад.
Самтҳои асосии инкишофи муносибати иҷтимоии экологии инсоният дар ояндаи наздик аз хавфи воқеии буҳрони умумӣ раҳоӣ ёфтан ва роҳҳои пешгирии онро ҷустуҷӯ кардан аст, ки он ба маърифати умумиэкологӣ вобастагӣ дорад.
Таърихи муносибати иҷтимоию экологиро ду ҷараёни муҳим муайян мекунад:
— озодии одам аз муҳити зист;
— фишору таъсири одам ба муҳити зист бо роҳҳои гуногуни истеҳсолӣ ва истифодаи энергия.
Одами боақл аз рӯзи пайдоиш то имрӯз ҳаракатҳои зиёде кардааст, ки он марбут ба инкишофи олами органикӣ ва қонуниятҳои он аст. Вазифаи глобалии одам дар садаи XXI пешгирии буҳрони умумиҷаҳонии экологӣ мебошад, ки он ба инкишофи техникаву технологияи нави истеҳсолӣ ва иҷрои қонуниятҳои табиат аз тарафи ҷомеа вобастагӣ дорад. Мутахассисон бо дарки таъсир ба сайёра ва экосистемаҳои он стратегияҳои ҳифзи табиатро таҳия мекунанд. Барои ин пешгӯии экологӣ истифода мешавад.
Азбаски мушкилоти муҳити зист хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардаанд, пас онҳоро ба назар гирифта, дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ кардан лозим аст.
Ташкилотҳои байналмилалӣ таъсис дода мешаванд, ки ба таълиму тарбияи экологӣ ва ҳифзи табиат ва саломатии инсон машғуланд. Ғамхорӣ дар бораи муҳити зист бояд аз курсии мактаб оғоз шавад, ин мушкилотест, ки бояд дар ҳама ҷо муҳокима карда шавад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки системаи таҳсилоти экологӣ рӯ ба инкишоф овардааст. Ҳамаи муаммоҳои экологии асри XX ҷамбаст шудаанд, вале то ҳол ҳалли худро наёфтаанд.
Муайян карда шуд, ки шаҳрҳо манбаи асосии ифлоскунанда мебошанд: бо ишғол намудани 1 дарсад масоҳати хушкии замин, зиёда аз 50 дарсади тамоми аҳолии сайёра дар онҳо ҷамъ шудааст. Ва ин фоиз рӯз то рӯз меафзояд. Илова ба қаламрави ишғолкардаи онҳо, шаҳрҳо захираҳои атрофи худро истеъмол мекунанд. Чунин мушкилоти мутамарказро ҳамаҷониба ҳал кардан мумкин аст. Масалан, имрӯз назарияи шаҳрҳои сабз таҳия шудааст. Ба тариқи мисол, Масдар-­Ситии Амороти Муттаҳидаи Араб — он як шаҳри комилан мустақил ва тоза буда, партовҳои худро коркард мекунад, худро бо истифода аз панелҳои офтобӣ бо энергия таъмин менамояд (ҷустуҷӯи манбаъҳои барқароршавандаи энергия роҳи мувозинати экологӣ мебошад) ва паст кардани сатҳи гази карбон дар ҳаво барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ. Дар чунин шаҳрҳо оянда ҳаст.
Далели дигари муҳим пас аз дарки зарурати тағйирот ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологӣ ин даст кашидан аз соҳаҳои зараровар ва манбаъҳои ғанисозӣ мебошад. Аксар вақт, афзалиятҳо — ин на ғамхорӣ барои табиат, балки чашмгуруснагӣ ва тамаъкории одамон мебошанд.
Ҳамоҳангӣ ва муҳофизати табиат, инчунин муносибати масъулиятноки инсон ба Замин бояд қоидаҳои асосии ҳаёти одамон гардад, то ки хонаи муштараки мо — сайёраи моро аз ҳалокат наҷот диҳад.

М.ҲАБИБОВ,
омӯзгор