Самарқанд дар Ӯзбекистон шаҳри аввалин мебошад, ки ба барномаи «Шаҳрҳои сабз»-и Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо дохил гардидааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар самтҳои нақлиёти ҷамоатии шаҳри Самарқанд ҳаракат кардани автобусҳои электрикӣ муайян шудааст. Бо ҳамкорони чинӣ барои овардани 100-то электробус шартнома баста шуда буд.
Моҳи майи соли гузашта 6-то электробуси аввалинро оварданд ва ҳаракати онҳо дар самти “Temiryo‘l ABB — Samarqand xalqaro aeroporti”, ки таҳти рақами М1 ҳаракат мекунад, оғоз ёфт. Акнун дар асоси лоиҳаи мазкур боз 8-то электробус оварда шуд.
— То охири моҳ овардани боз 22-то ва то анҷоми сол 64-то электробус пешбинӣ гардидааст. Ҳоло корҳои расмӣ намудани электробусҳо амалӣ карда мешаванд.
Баъд аз овардани воситаҳои нақлиётии дар нақша буда, онҳо ба самтҳои нақлиёти ҷамоатии шаҳри Самарқанд бароварда мешаванд.
Дилмурод Тӯхтаев
