Ovozi.uz

Акнун кор накардани терминал баҳона намешавад

Истеъмолчие, ки дар бораи вайрон шудани қоидаи андоз муроҷиат менамояд, 20 дарсад мукофоти пулӣ мегирад
Ба қарибӣ ба дӯкон даромада харид кардам. Фурӯшанда кор накардани терминали пардохтро гуфта, хоҳиш намуд, ки пули нақд диҳам, ё ки аз картаи пластикӣ ба карта гузаронам. Ман пардохт кардам ва пул ба картаи шахси ҷисмонӣ гузашт. Аҷибаш, ин ҳолат дафъаи дигар низ такрор шуд. Афтидани фоизи суммае, ки ҳангоми гузарондани пул ба зиммаи ман гӯё кам бошад, фурӯшанда чеки харидро низ надод. Зиёда аз ин акнун 1 дарсади суммаи харидро низ гирифта наметавонам. Вақте чун истеъмолчӣ чекро талаб кардам, гуфт, ки агар ягон норизоӣ бошад, таърихи гузарондани пул кифоя мекунад.
Вақтҳои охир чунин ҳолатҳо бисёр вомехӯранд. Ғайр аз ин, ҳолатҳои надодани чеки харид, ба навъи картаи пластикӣ нигоҳ карда маҳсулот фурӯхтан, саркашӣ аз пардохти электронӣ низ вомехӯранд. Ҳол он ки дар шароити имрӯзаи рушди технологияҳои ахбор дар байни аҳолӣ шумори истифодабарандагони усули пардохт бо картаҳои пластикӣ ва электронӣ зиёд мешаванд. Инчунин, инсонҳое, ки дар ҳамёни худ пули нақд гирифта намегарданд, кам нестанд. Дар чунин шароит одамонро бо пули нақд ба савдо даъват кардан, ё ки истифода набурдан аз навъҳои пардохти замонавӣ то чӣ андоза дуруст аст? Одамон аз ин хулоса мебароранд, ки соҳибкор аз пардохти андоз мегурезад. Оё дар асл ҳам ҳамин хел аст? Барои чунин субъектҳои соҳибкорӣ дар қонунгузорӣ чӣ хел чораҳо пешбинӣ шудааст? Мо бо чунин саволҳои роҷеъ ба мавзӯъ ба сардори садорати Кумитаи андоз Дилдора Ҳошимова муроҷиат кардем:
— Аввало, чунин ҳаракатҳо як намуди иқтисодиёти пинҳонӣ аст. Иқтисодиёти пинҳонӣ — шуғли ғайрирасмӣ, музди кор, фаъолияти соҳибкорӣ, ё ки савдои маҳсулот ва хизматҳои ғайриқонунӣ. Ҳаракатҳои аз давлат пинҳон намудани даромадҳо ба рӯ тофтан аз пардохти андоз сабаб мешавад, фаъолияти иқтисодии пӯшида ба ҳисоб рафта, барои чунин ҳаракатҳо дар қонунгузорӣ чораҳои дахлдор муайян шудаанд.
Барои рад кардани картаи пластикӣ дар ҷараёни савдо, ё ки хизматрасонӣ низ ҷавобгарӣ муайян шудааст, чунки ҳоло дар диёрамон на танҳо барои савдо ва хизматрасонӣ бо пардохти нақд, балки тавассути пардохти бенақд (пардохти электронӣ) низ ҳамаи шароитҳои заруриро фароҳам овардаанд. Зиёда аз ин, аксарияти шаҳрвандон одат кардаанд, ки ин амалро ба воситаи иловаҳои мобилӣ ва усулҳои дигар роҳандозӣ кунанд. Инҳо дар ҳоли усули хеле тезкор ва мусоид будан, дар бурдани ҳисоботи савдо низ афзалиятҳо доранд. Чунки ҷараёни пардохт ба таври электронӣ қайд карда мешавад. Ҳатто амалиёти савдоро аз карта ба карта гузаронда иҷро намудан мумкин аст, вале ҳангоми бо картаҳои пластикии шахсони юридикӣ, ё ки ба воситаи пардохти электронӣ ба сурат-­ҳисоби субъекти соҳибкорӣ гузарондан қоидашиканӣ намешавад. Агар пардохт ба картаи пластикии шахсони ҷисмонӣ афтад, назорати он нест ва бо руст кардани ин пардохт соҳибкор андозро супурда ҳисобида мешавад. Ба қоида зид будани инро аз надодани чек ба харидор низ фаҳмидан мумкин аст. Ҳол он ки дар қарори дахлдори ҳукумат қайд карда шудааст, ки субъекти соҳибкорӣ ҳангоми ҳама намуди савдо ва хизматрасонӣ бояд чеки харидро диҳад.
Дар Кодекси андоз муайян гардидааст, ки пас аз амалӣ шудани савдои маҳсулот ва хизматрасонӣ ба он додани чек маҷбурияти андоздиҳанда муайян шудааст. Дар ҳоли ҳатмӣ будани истифодаи техникаи назоратӣ-­касса, ё ки терминалҳои ҳисобу китоб, онҳоро истифода набурда, амалӣ намудани савдо ва хизматрасонӣ, инчунин, рад кардани қабули пардохт ба воситаи терминалҳои ҳисобу китоб ҳамчун қонуншиканӣ баҳо дода мешавад. Чунин ҳолат сабаби ба субъекти соҳибкорӣ андохтани 5 миллион сӯм, агар қонунвайронкунӣ дар давоми сол такрор шавад, ба миқдори 10 миллион сӯм ҷарима мешавад. Соли равон аз рӯи чунин ҳолат ходимони идораҳои андоз беш аз 3 ҳазор санҷиши сайёри андоз гузарондаанд.
— Яъне, субъектҳои соҳибкорие, ки бо савдо ва хизматрасонӣ машғуланд, бояд ҳатман аз терминалҳои савдо истифода баранд ва ба харидор чек диҳанд?
— Албатта. Дар шабакаҳои савдо ва хизматрасонӣ терминалҳои ҳисобу китоб бояд кор кунанд. Чунки талаби имрӯза чунин аст. Аҳолӣ бо хоҳиши худ тавассути пули нақд, ё ба воситаи картаи пластикӣ, ё ки пардохти электронӣ харид мекунад. Субъекти соҳибкорӣ қабул намудани пардохти ихтиёриро бояд таъмин кунад. Вале чеки харид ба воситаи терминал дода намешавад. Аксарият дар ин масъала хато фикр мекунанд. Гап дар ин, ки терминал аппарати пардохт қабулкунанда аст. «Коғаз»-и аз он баромада, пул гузарондани харидорро тасдиқ мекунад. Чеки харид бошад, ба воситаи кассаи онлайнии назоратӣ дода мешавад.
Дар ҳар як шабакаи савдо ва хизматрасонӣ кассаи онлайнии назоратӣ бояд бошад. Аппарати мазкур пардохтро қайду фискализатсия мекунад ва ҳисоби электрониро мебарад. Идораҳои андоз аз субъектҳои тадбиркорие, ки дар онҳо аз рӯйхат гузаштаанд ва бо аҳолӣ бо пули нақд кор мекунанд, кассаи онлайнии назоратӣ гирифтанро талаб мекунад. Дар ҳамаи маҳаллаҳо нозирони андоз фаъолият доранд ва онҳо инро назорат мекунанд. Ҳоло тақрибан барои 180 ҳазор субъекти соҳибкорӣ тахминан 225 ҳазор машинаҳои кассаи онлайнии назоратӣ мавҷуд буда, ба ҳолати 1‑уми октябри соли равон аз терминалҳои кассаи онлайнии назоратии мазкур 792 миллионто чек бароварда шуда, гардиши онҳо 193,1 триллион сӯмро ташкил кард. Дар он аз рӯи минтақаҳо шаҳри Тошканд, вилоятҳои Самарқанд ва Тошканд пешсаф мебошанд.
Боз як афзалияти дастгоҳҳои электронӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, даромад ва хароҷоти онҳоро осон мекунад. Қаблан нозирони андоз барои санҷиш ба ҷойҳо рафта, соатҳо ва ҳатто дар давоми рӯз дафтарҳоеро, ки қайдҳои савдо навишта шудаанд, санҷида ва ҳар яки онҳоро муқоиса мекарданд. Ҳоло ҳамаи инҳоро содда намуда, ба сохтори онлайнӣ гузарондаанд, ки барои соҳибкорон ҳам хеле мусоид шуд. Тарафи қулайии он, барои соҳибкорон имконияти ба тарзи онлайн ба нақша гирифтани миқдори савдо, ба кадом маҳсулот зиёд шудани эҳтиёҷ ва ҷараёнҳои дигари тиҷоратро онлайн мушоҳида кардан аст. Ҳоло ҳар як техникаи кассаи назоратӣ (ТКН) ба воситаи сохтори ахбори махсуси онлайнии ТКН мушоҳида карда мешавад. Ҳангоми истифода набурдани дастгоҳҳо, сабабҳои онҳоро омӯхта, дар ҳоли муайян шудани ҳолатҳои вайрон намудани қонун чораҳои дахлдор мебинанд.
Кассаҳои онлайнии назоратии ҳозираи замонавӣ имкон доранд, ки ҳамаи навъи картаҳои пластикиро қабул кунанд. Дар асл истифодаи кассаҳо бар асоси интихоб (нарх, имконият ва мусоидӣ) дар ихтиёри субъекти соҳибкорӣ аст, вале ин набояд сабаби норозӣ шудани истеъмолчӣ ва надодани чеки аппарат шавад. Агар барои истифода набурдани аппарат дар ҳақиқат набудани барқ, вайрон шудани он сабаб бошад, чунин вазъиятҳо дар қонунгузорӣ ба инобат гирифта мешавад. Яъне, дар чунин ҳолатҳо субъекти соҳибкорӣ ба идораҳои андоз ва хизматгузории техникӣ (соз кардан, ё ки муваққатан иваз намудан) саривақт муроҷиат карда, инро ба тартиби дахлдор бояд расмӣ кунад. Бо талаби соҳибкор то ба кор оғоз намудани техникаи онлайнии назорати касса, барои ба харидор додани квитансияи коғазӣ рухсат дода шудааст. Субъекти соҳибкорӣ ҳақ дорад, ки дар вақти кор накардани аппарати электронӣ, фаъолият накунад. Агар терминали ҳисобу китоб низ кор накунад ва имкони барои харид ба истеъмолчӣ додани чек вуҷуд надошта бошад, табиист, ки барои расондани хизмат ба аҳолӣ рухсат дода намешавад. Яъне, дар ҳар ҳолат ба харидор дар шакли коғаз ё ки электронӣ додани чек шарт аст.
— Худи харидороне, ки чеки харидро напурсидаанд, ё ки талаб накардаанд, қоидаро вайрон карда ҳисоб мешаванд?
— Не, дар қонунгузорӣ ин ба назар гирифта нашудааст. Барои нагирифтани чек харидорро айбдор гуфтан мумкин нест. Чунки сарфи назар аз он ки истеъмолчӣ чекро мепурсад ё не, додани он вазифаи субъекти тадбиркорӣ аст. Гирифтан, ё ки нагирифтани чек, инчунин партофтани он дар ихтиёри истеъмолчӣ мебошад. Вале агар маҳсулот фурӯхта ё ки хизмат расонда шавад, ба истеъмолчӣ чеки хариди шакли ихтиёриро, албатта бояд дод. Дар акси ҳол, ин вайрон кардани қоида шуморида мешавад. Оё тасаввур мекунед, ки барои бароварда додани чек чӣ қадар вақт меравад? Дар ин муддат ғоиб шудан, ё ки гурехта рафтани харидор ғайриимкон мебошад. Агар ҳамин тавр шавад ҳам, соҳибкоре, ки савдо ё ки хизмат мерасонад, харидро ба кассаи онлайнии назоратӣ пардохт намуда, бояд чекро бароварда монад. Сохтори электронӣ баровардани чекро қайд мекунад ва ин амал дар доираи қонун шуморида мешавад.
Ҳоло дар одамон маданияти харид хеле ташаккул меёбад. Чеки харидро пурсида гирифтани худи харидор ҷиҳати мусбӣ аст. Онҳоро ба ин иштиёқи ҷамъоварии «кэшбек»-ҳое низ, ки аз харид баргардонида мешавад, рағбатнок мекунанд.
Танҳо дар ҳашт моҳи соли равон ба шахсони ҷисмонӣ аз арзиши харид маблағи наздик ба 631 млрд. сӯм ба сифати «кэшбек»-и 1 фоиза баргардонида шуд. Ғайр аз ин, дар соҳаи савдои чакана ва хизматрасонӣ тиҷорати электронӣ, яъне базаи маълумотҳои маркетплейсҳоро бо сохтори ахбори идораҳои андоз интегратсия карда, ба харидорон имсол 1,4 миллиард дона чекҳои электронии арзиши умумиашон 66,2 триллион сӯмина тақдим карда шуданд. Дар натиҷаи ин, барои 386,1 миллион дона чек ба тарзи автоматӣ 175,1 миллиард сӯм «кэшбек» ҳисоб карда шуд.
Қаблан дар бораи вайрон кардани қоидаҳо чун бо баҳонаҳои гуногун қабул накардани картаҳои пластикӣ, даъват ба савдо бо пули нақд, тақдим накардани чеки харид ва ғайра ҳарф задем. Дар чунин вазъиятҳо, асосан истеъмолчиҳо ҳақ мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо онҳо имконият доранд ба идораҳои андоз муроҷиат кунанд, ба воситаи он ҳатто соҳиби мукофоти пулӣ шаванд. Яъне, агар харидор бо вайрон шудани қоида роҷеъ ба андоз рӯ ба рӯ шавад, дар ҳоли гузаштан аз рӯйхати шӯъбаи «Солиқ ҳамкор»-и иловаи мобилии «Soliq», ки шахсашро тасдиқ мекунад, ба таври хаттӣ, ё ки бевосита ба нозироти андози ҳудуди ба худ наздик рафта, ба телефони боварии дахлдор ба таври шифоҳӣ муроҷиат гузоштанаш мумкин аст. Дар давоми истифода аз иловаи мобилӣ ба саволи «Мехоҳед барои муроҷиати худ мукофот гиред?» ба тарзи «ҳа» ё ки «не» посух медиҳад. Агар шаҳрванд хоҳиши гирифтани мукофотро дошта бошад ва муроҷиати фиристода тасдиқи худро ёбад, 20 дарсади ҷаримаеро, ки ба соҳибкор андохта мешавад, ба муроҷиатчӣ медиҳанд. То ҳол мукофотҳои дар ин самт пардохтшуда беш аз 25 миллиард сӯм шудааст.
Шумораи муроҷиатҳо то 1‑уми октябри соли равон беш аз 70 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар асоси онҳо ҳамагӣ дар 26 ҳазору 400‑то субъекти тадбиркорӣ санҷиши сайёри андоз гузаронда, ба онҳо зиёда аз 85 миллиард сӯмина ҷаримаҳои молиявӣ андохта шуданд. Дар 99,1 дарсади муроҷиатҳо вайрон шудани ҳуқуқ тасдиқи худро ёфтанд. Ҳар як муроҷиат, албатта, аввал омӯхта мешавад ва дар ҳоли муайян нашудани риоя накардан ба ҳуқуқ нисбати соҳибкор чора дида намешавад. Яъне, ба муроҷиатҳо ҳамчун ҳаракати оддии барои пул кардашуда баҳо додан нодуруст аст. Баръакс, он яке аз намудҳои назорати шаҳрвандӣ буда, далели ба вайрон шудани ҳуқуқ бефарқ набудани одамон ва рӯз аз рӯз ҳуқуқу ҳаққи худро хубтар шинохтани онҳо мебошад.
— Вале деҳқон, ё ки савдогаре, ки дар кӯча савдо мекунад, терминали назорати онлайнии касса надорад ва ҳеҷ кас аз онҳо чек ҳам намепурсад. Талаб ва тартиб барои онҳо чӣ хел аст? Киҳо метавонанд бе аппарати кассаи онлайнии назоратӣ савдо кунанд?
— Дар қонунгузорӣ ба шахсоне, ки худро бо шуғл таъмин кардаанд, як қатор имтиёзҳо дода шудааст. Аз ҷумла, чунин шахсон бо 101 навъи фаъолият машғул шуда, ҳангоми аз 100 миллион сӯм кам будани гардиши савдои онҳо, аз андози даромад озод карда мешаванд. Яъне, дар шахсоне, ки худро бо шуғл банд кардаанд, маҷбурияти истифода аз кассаи онлайнии назоратӣ нест. Вале савдогарҳо аз ин мустасно. Онҳо ба сифати соҳибкори тартиби якка аз рӯйхат гузашта, ӯҳдадор ҳастанд, ки кассаро кор фармоянд ва ҳатман чек бояд диҳанд, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба харидорҳо истифода баранд, барои аз терминали пардохт ва навъи электронии пардохт рухсат дода мешавад, вале ба таври ихтиёрӣ.
Ҳоло беш аз 100‑то навъи фаъолият мавҷуд аст, ки барои шуғл бо онҳо ба сифати шаҳрванди худро бо шуғл таъмин карда аз рӯйхат метавонед гузаред. Мисол, аз дӯзандагӣ дар хона то сартарошӣ, нигоҳубини бача, репетиторӣ, замини наздиҳавлигӣ ва ғайра. Фурӯхтан ва расондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ ба навъи чунин фаъолиятҳо дохил мешавад. Барои дар бозор андоз надода савдо кардан, онҳо ба тарзи дахлдор ҳамчун шахси худро бо шуғл бандкарда бояд аз рӯйхат гузаранд. Дар ин кор ба шаҳрванд ходимони идораҳои андоз ёрӣ медиҳанд. Ба рӯйхатгирӣ ба тартиби онлайн ба воситаи иловаи мобилии андоз дар муддати кӯтоҳ (дар якчанд дақиқа) амалӣ карда мешавад. Аз шаҳрванд ҳаракати зиёдатӣ ва даво-дав талаб карда намешавад. Баъд аз рӯйхат гузаштан ҳамчун шахси худро бо шуғл бандкарда, фаъолияташро идома медиҳад. Ин барои онҳо ҳимояи иҷтимоӣ, барои гирифтани кредит соҳиби даромади расмӣ шудан ва манбаи хуб барои гирифтани нафақа дар оянда мешавад. Дар навбати худ, ин барои донистани расман бо шуғл банд будани чӣ қадар шаҳрванди давлат ва соҳиби даромад будани онҳо низ муҳим мебошад.

Мусоҳиб Ирода ТОШМАТОВА
Тарҷимаи Тошқул АЗИМОВ, (рӯзномаи «Ӯзбекистони Нав»
№ 220, 30.10.2024)