Ovozi.uz

РОСТӢ ВА ҶАВОНМАРДӢ

Аварҳо ҳикоят мекунанд. Аз қадимулайём рост ва дурӯғ ҳампаҳлуянд. Аз қадимулайём онҳо байни худ талош доранд, ки кадоме заруртар, муфидтар ва зӯртар аст. Дурӯғ мегӯяд — ман, рост мегӯяд — ман. Талоши онҳоро поён нест.
Боре онҳо оламро давр зада, аз мардум пурсиданӣ шуданд, ки ҳақ ба ҷониби кист. Дурӯғ пеш-пеш аз пайраҳаҳои борики каҷу килеб медавид, ба ҳар роғ нигоҳ мекард, ҳар шикоферо мебӯйид, ба ҳар тангкӯчаю паскӯча тоб мехӯрд. Рост фақат аз роҳҳои рости фарох сарбаландона қадам мезад. Дурӯғ беист ҳингир-­ҳингир механдид, аммо рост андешаманд ва маҳзун буд.
Онҳо бисёр роҳҳо, шаҳрҳо, авулҳои гуногунро гаштанд, назди шоҳону шоирон, хонҳову қозиён, бозаргону ҷодугарон рафтанд, инчунин миёни мардуми одӣ гаштанд. Он ҷое, ки дурӯғ пайдо мешуд, мардум худро озод ва сабукбор ҳис мекарданд. Онҳо ба рӯйи якдигар хандида меистоданд, ҳарчанд ки дар ҳамин дам якдигарро мефиребиданд. Ва медонистанд, ки якдигарро фиреб медиҳанд. Бо вуҷуди ин, беғаму фориғбол буданд, якдигарро фиреб медоданд, дурӯғ мегуфтанд, вале шарм намедоштанд. Лекин ҳангоме ки рост пайдо мешуд, мардум ғамгин гашта, нигоҳ аз якдигар тофта, чашм бар замин медӯхтанд. Одамон ханҷар аз ғилоф мекашиданд (ба хотири рост), ранҷида ба ранҷоварда, харидор ба бозаргон, мардуми одӣ ба хон, хон ба шоҳ дармеафтоданд, шавҳар зани худ ва хушдори ӯро мекушт. Хунрезӣ мешуд.
Бинобар ин, аксари одамон ба дурӯғ мегуфтанд:
— Аз назди мо нарав! Ту дӯсти бегумони моӣ. Бо ту зиндагии мо осон ва сабук аст! Аммо ту, рост, ба мо фақат ташвиш меоварӣ. Ба фикр кардан, ғам хӯрдан, азоб кашидан, мубориза кардан маҷбур месозӣ. Оё дар роҳи ту кам ҷанговарону шоирон ва ҷавонмардон ҳалок гардидаанд.
— Ҳа, чӣ тавр, — мегуфт дурӯғ ба рост, — дидӣ, ман заруртар ва муфидтар будаам. Чанд хонадонро давр зада баромадем, дар ҳама ҷо маро таҳсин мегӯянд, на туро.
Оре, мо бисёр ҷойҳои ободро гаштем. Биё, акнун ба қуллаҳо бароем. Биё, рафта, аз чашмасори сардоби мусаффо, аз гулу лолаҳо, аз барфҳои куҳани сап–сафеду бедоғ бипурсем.
Дар қуллаҳо сад асрҳо зиндаанд. Он ҷо амалиёти ҷовидона ва одилонаи қаҳрамонон, паҳлавонон, шоирон, ҳакимон, азизон, фикру андешаҳо ва таронаву васиятҳои онҳо зинда аст. Дар қуллаҳо зинда аст он чӣ абадист ва аз такопӯи ночизи рӯйи замин дигар боке надорад.
— Не, ман он ҷо намеравам, — ҷавоб дод дурӯғ.
— Ҳа, чӣ, аз баландӣ метарсӣ? Охир, фақат зоғҳо дар пастиҳо мегарданд, уқобон аз кӯҳҳои баландтарин ҳам баландтар парвоз мекунанд. Наход, то уқоб шудан, зоғ шуданро авло донӣ? Оре, ман медонам, ту метарсӣ, вассалом. Ту умуман, буздилӣ! Ту фақат дар сари дастархони тӯёна, ки он ҷо майнӯшӣ асту бас, муноқиша карда метавонӣ, аммо аз тӯйхона, ки он ҷо қадаҳ не, ханҷар садо медиҳад, берун баромадан метарсӣ.
— Не, ман аз баландиҳои ту наметарсам, аммо дар он ҷо коре надорам, чунки одам нест. Ман подшоҳи кишвари пастам, ки он ҷо одамонанд. Ман бар онҳо ҳокими мутлақам. Ҳамаи онҳо тобеи мананд. Фақат баъзе нотарсҳо ҷуръат карда, ба ман муқобилат нишон медиҳанд ва ба роҳи ту, ба роҳи рост, медароянд. Аммо ин гуна одамон ангуштшуморанд.
Оре, ангуштшуморанд, вале чунин одамонро қаҳрамон меноманд. Шоирон сурудаҳои беҳтарини худро ба онҳо мебахшанд.
Қиссаи шоири ягона.
Ин ҳикоятро ба ман Абӯтолиб гуфта буд.
Дар қаламрави хоне чанд нафар шоирон зиндагӣ мекарданд. Онҳо авул ба авул гашта месуруданд. Яке ғижаку чанг менавохт, дигаре сурнай мекашид, сеюмӣ даф мезад. Хон дар вақти фориғ гардидан аз кору бор ва аз занҳояш суруди шоиронро гӯш мекард.
Боре ӯ сурудеро шунид, ки дар он аз золимии хон, беадолатӣ ва чашмтангии ӯ сухан мерафт. Хон ба хашм омад. Фармон дод, ки сарояндаи ин суруд — шоири исёнкорро дошта, ба қасри хон биёранд.
Гӯяндаи ин сурудро ёфта натавонистанд. Он гоҳ ба вазиру навкарон фармон дода шуд, ки ҳамаи шоиронро дастгир кунанд. Навкарони хон чун сагони тозӣ ба авулу хонаҳо, ба пайраҳаҳои кӯҳӣ ва дараҳои ниҳон тохтанд. Онҳо ҳамаи касонеро, ки суруд меофариданду месароиданд, дастгир карданд ва ба зиндон андохтанд. Пагоҳӣ хон назди шоирони маҳбус баромад:
— Ку, акнун ҳар кас ба ман як таронаи худро бихонад.
Ҳамаи шоирон паси ҳам дар васфи хон, хираду қудрати ӯ, дили пок, занҳои моҳлиқои ӯ, салтанат ва шуҳрати ӯ сурудҳо хонданд. Онҳо дар сурудҳои худ тараннум мекарданд, ки то ин вақт чунин хони бузург ва одил ба дунё наомада буд.
Хон шоиронро як-як озод мекард. Дар охир се шоире монданд, ки суруде нахонданд ва чизе нагуфтанд. Ба рӯйи ин се нафар дари зиндонро аз нав барбастанд ва мардум гумон карданд, ки онҳо аз ёди хон фаромӯш шуданд. Вале хон пас аз се моҳ назди маҳбусон баромад:
— Ку, акнун ҳар кадоме ба ман ягон суруди худро бихонед.
Яке аз он се нафар фавран дар васфи хон, хираду қудрати ӯ, дили нек, занҳои моҳлиқои ӯ, салтанат ва шуҳрати ӯ таронае хонд. Вай дар сурудаш тараннум мекард, ки то ин вақт чунин хони бузург ба дунё наомада буд.
Сарояндаро аз ҳабс озод карданд. Он ду нафари аз сурудан саркашӣ кардаро назди гулханҳое, ки пешакӣ дар майдон афрӯхта буданд, оварданд.
— Ҳозир шуморо ба оташ мепартоем, — гуфт хон. — Охирин бор мегӯям, ба ман ягон суруди худро бихонед.
Яке аз он ду нафар аз тарси ҷон дар васфи хон, хирад ва қудрати ӯ, дили нек ва занҳои моҳлиқои ӯ, салтанат ва шуҳрати ӯ суруде хонд. Вай дар сурудаш тараннум мекард, ки то ин вақт чунин хони бузург ба дунё наомада буд.
Ин шоирро низ аз ҳабс озод карданд. Ягона шоири саркаше монд, ки сурудан намехост.
— Ӯро ба сутун бандед, оташ занед! — фармуд хон бо қаҳру ғазаб.
Баногоҳ шоири сутунбанд сурудеро, ки дар ҳаққи хони золим, беадолат ва чашмтанг гуфта буд ва он боиси қиссаи мазкур гардид, сароид.
— Зудтар дасту пойи ӯро кушоед, аз дами оташ раҳонед! — фарёд зад хон. — Намехоҳам аз ягона шоири ҳақиқии кишварам маҳрум шавам!
— Албатта, гумон аст, ки дар ягон ҷо чунин хонҳои оқилу накӯрой бошанд, — анҷом дод Абӯтолиб қиссаи худро, — аммо ин гуна шоирон ҳам каманд.
Падарам ҳикоят карда буд.
Рӯзе аз Шомили бузург муқаррабонаш суол карданд:
— Ҳазрати Имом, бигӯед, ки чаро шеъру шоириро манъ кардед?
Шомил ҷавоб дод:
— Мехостам, ки фақат шоирони ҳақиқӣ шеър бигӯянд, зеро шоирони асил аздусар шеърашонро гуфтан мегиранд. Вале шоирони тамаъкору лаққиву дурӯя, ки худро шоир ном карда мегарданд, аз фармони ман тарсида, ҷуръат гум мекунанд ва даст аз шоирӣ мекашанд. Ба ин васила халқро ҳам фиреб намекардагӣ мешаванду худро ҳам.
— Ҳазрати Имом, боз як суол, бигӯед, ки чаро шеърҳои Сайиди Аракониро ба рӯд партофтед?
— Шеъри ҳақиқиро ба об партофтан мумкин нест, вай дар дили халқ маъво дорад. Агар шеър ба арзиши коғазе, ки дар ӯ навишта шудааст, баробар бошад, пас, ҳаққаш ба об партофтан аст. Ба ҷойи чунин шеърҳои сусту муст, ки мавҷи обашон бурда метавонад, Сайиди Араконӣ сари ягон кори фоиданокро гирад, беҳтар аст.

Аз китоби «Доғистони ман»-и Расул ҲАМЗАТОВ.