Конститутсия қонуни асосии кишвар буда, хуҷҷати дорои қувваи олии ҳуқуқиест, ки сохтори давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои инсонро инъикос менамояд.
Конститутсия гарави олии ҳуқуқии некӯаҳволии халқ ва манфиатҳои инсон буда, яке аз воситаҳои асосии ташаккули ҳаёти ҷамъият ва ташкили давлат мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 8‑уми декабри соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда буд, пурра ба таҷриба, стандарт ва талаботи аз ҳама пешқадами хориҷӣ ҷавоб медиҳад. Аммо, бо назардошти фарорасии вақти он, ки баъзе меъёрҳояшро бояд такмил дода, ба талаботи имрӯза мутобиқ созем, мардуми мо дар раъйпурсии 30‑юми апрели соли 2023 таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро қабул кард.
Дар фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8‑уми майи соли 2023 «Дар бораи чораҳои навбати якум доир ба амалисозии таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» амалисозии бечуну чаро ва пурраи Сарқонун, ба амал баровардани тамоюлҳои конститутсиявии устувор дар ҳамоҳангӣ бо ғояи устувори Ӯзбекистони Нав, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар шароити нави конститутсиявӣ-ҳуқуқӣ, бинобар соҳиби қувваи ҳуқуқии олӣ будани Конститутсия, дар фаъолияти мақомот ва ташкилоти давлатӣ, суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯирост ва бевосита истифода бурдани он нишон дода шуд.
Татбиқи мунтазами меъёрҳои нав, замонавӣ ва муҳиме, ки ба Сарқонуни аз нав таҳриршуда ворид карда шудаанд, аз ҷумла, татбиқи бевоситаи ин меъёрҳои конститутсионӣ аз ҷониби судҳо даври нави ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсонро оғоз мекунад.
Дар меъёрҳои нави Конститутсияи мо ба тараққиёти устувори инсон, ҷамъият ва давлат нигаронида шудани диққати асосӣ нишон дод, ки Ӯзбекистони Нав ба ӯҳдадориҳои байналхалқии худ дар ин соҳаҳо содиқ аст.
Аз ҷумла, ба таҳрири нави Сарқонун як қатор меъёрҳо ворид гардиданд, ки барои роҳандозӣ ва таҳкими институти эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалии «Хабеас корпус» ва «Қоидаи Миранда» хизмат ва ҳуқуқи ҳимояи шахсони ба таъқиби ҷиноӣ дучоршуда, маҳкумшуда ё ки дар ҳабс нигоҳдошташударо ба воситаи суди одилона ифода мекунанд. Гарчанде ин меъёрҳо дар қонунҳои мо мавҷуд бошанд ҳам, мисли қоидаи конститутсионӣ дохил кардани онҳо муҳим аст. Қоидаҳо дар бораи мумкин набудани бе ҳукми суд зиёда аз чилу ҳашт соат дар ҳабс нигоҳ доштани шахс, шарт набудани бегуноҳии худро исбот кардан ва ҳар вақти дилхоҳ аз ҳуқуқи хомӯш мондан истифода бурда тавонистани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда, агар далели ягона бар зидди шахс айби худро тан гирифтани ӯ бошад, мумкин набудани айбдор донистан, ё худ ба ҷазо кашидани ӯ, мумкин набудани асосшавии маҳкум будан ва оқибатҳои ҳуқуқии аз ин ҳосилшаванда барои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои хешовандони ӯ нишон медиҳанд, ки ҳуҷҷатҳои байналхалқии мазкур айнан дар қонунгузории миллиамон ҳамчун қоидаи конститутсионӣ ҷой гирифтаанд.
Дар боби 8‑уми Конститутсия, ки ҳуқуқҳои сиёсиро муайян мекунад, дохил карда шудани меъёри нав оиди он, ки шаҳрвандон дар дохил шудан ба хизмати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқҳои баробар доранд, маҳдудиятҳои марбут ба гузаронидани хизмати давлатӣ бо қонун муайян карда мешаванд, низ ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон хидмат мекунад.
Тибқи моддаи 47‑и Конститутсия, ки ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологиро муайян мекунад, ҳар кас ҳуқуқи соҳиби манзил шудан дорад, ҳеҷ кас бидуни қарори суд ва ғайриқонунӣ аз манзил маҳрум карда намешавад, ба соҳибмулки аз манзил маҳрум кардашуда ба миқдори арзиши манзил ва товони зарари дидааш, ба ӯ пешакӣ ва ба андозаи баробар дар ҳолатҳо ва тартиби пешбиникардаи қонун пардохта мешавад.
Ин меъёр ба ғайр аз кафолати ҳифзи моликияти хусусӣ дар доираи Конститутсия, меъёри дар моддаи 31‑уми лоиҳаи Сарқонун зикргардидаро оиди он, ки «Ҳар кас ба дахлнопазирии хонаву ҷой ҳуқуқ дорад», мустаҳкам ва пурра намудааст.
Дигар нуктаи ҷолиби диққати Конститутсияи нав дар моддаи 67‑ум муайян карда шудааст. Тибқи он, давлат фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкориро фароҳам меорад. Соҳибкорон ҳуқуқ доранд тибқи қонун ҳама гуна фаъолиятро анҷом диҳанд ва самтҳои фаъолияти худро мустақилона интихоб кунанд. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягонагии фазои иқтисодӣ, ҳаракати озоди амвол, хизматрасониҳо, захираҳои меҳнатӣ ва молиявӣ кафолат дода мешавад.
Ин қоидаҳо меъёрҳои конститутсионӣ буда, ба таъмини некӯаҳволии мардум ва суботи иқтисоди кишвар, таъмини соҳибкорон ва ҳифзи онҳо, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ дар ин замина хизмат мекунанд.
Бояд таъкид намуд, таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарқонунест, ки ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кафолат медиҳад, масъулияти давлатро дар назди халқ меафзояд, қоидаҳои ҳуқуқи байналхалқии умумиэътирофшударо дар қонунгузории миллиамон ҳамчун қоидаи конститутсиявӣ татбиқ ва аз ин рӯ, барои тараққиёти кишвар ва некӯаҳволии халқамон хидмат мекунад.
Олим ҲАЙИТОВ,
раиси суди вилояти Самарқанд.
