Вақтҳои охир намудҳои нави қаллобии киберӣ оммавӣ мегардад. Хидмати матбуоти СКД шаҳрвандонро боз аз як қаллобии нав ба огоҳӣ даъват менамояд.
Гуфта мешавад, ки қаллобон бо кушодани аккаунтҳои қалбакӣ дар Telegram, бо истифода аз аксҳои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус, роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ ба шаҳрвандон муроҷиатҳои гуногун мефиристанд.
Чун қаллобон аз шумораи ширкатҳои алоқаи Ӯзбекистон занг мезананд, дар асл аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Онҳо бо нишон додани маълумот ва даъвои ҳамлаҳои гуногун ба кортҳои бонкӣ, рақамҳои кортҳои пластикии шаҳрвандонро ба даст оварда, пулро аз онҳо мегиранд.
«Эҳтиёт шавед! Ягон раҳбар дар ин система тавассути Telegram бо шумо тамос намегирад ва аз шумо талаб намекунад, ки пулро аз ҳисоби худ ба суратҳисоби дигар интиқол диҳед ё ба касе ба шакли нақд пешниҳод кунед”, — омадааст дар хабари хадамоти матбуоти СКД.
