Ovozi.uz

Дар Ҷомбой боз як зиёратгоҳ кушода шуд

Дар ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд маросими кушодашавии маҷмӯаи ёдгории Шайх Абдулазиз Шамсулайимма – Ҳалвоӣ баргузор гардид.

Шайх Абдулазиз Шамсулайимма – Ҳалвоӣ намояндаи фиқҳ ва маърифатпарвари дорои даҳҳо нафар шогирдон мебошад, ки дар асрҳои Х-ХI дар сарзамини мо умр ба сар бурдааст. Фатвоҳои бо қоидаҳои шариат асосёфтаи ӯ, асосҳои илмӣ ва баёни пухтаву дақиқ доштани онҳо дар замони худ қадрдонӣ мешуданд ва имрӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надодаанд.

Олимони таърихнигор ва манбаъшинос солҳои зиёд ҷои мадфун шудаи ин шахсро дар шаҳрҳои Бухоро, Шаҳрисабз ва Самарқанд ҷустаанд. Тадқиқотҳои охирин тасдиқ намуданд, ки қабри аллома дар Ҷомбой аст.

Манбаъшиносони зиёд бо роҳбарии олими шинохта Комилхон Каттаев соли 2008 дар қабристони қадимии маҳаллаи Ҳалвоӣ оромгоҳи он зотро қайд намуда, бо роҳи ҳашар дар болои он мақбара бунёд карда буданд. Дар солҳои 2022-2024 бо ёрии фаъолон ва соҳибкорону зиёиёни саховатпеша зиёратгоҳ боз ҳам ободтар карда шуд. Ба болои қабр мақбара ва хонақоҳ бунёд ёфт. 

Дар маросим кушодашавии маҷмӯа олимони шинохтаи самарқандӣ, намояндагони дин, зиёиён ва нурониён иштирок карданд. Оятҳои Қуръон тиловат гардида, қурбонӣ карда шуд.

ҷонишини роҳбари шӯъбаи вилоятии Идораи мусулмонони Ӯзбекистон Хайрулло Сатторов, олими манбаъшинос Комилхон Каттаев ва дигарон дар бораи ҳаёту фаъолият ва мероси илмии ҳазрати Шамсулайимма ҳарф заданд.

Дар чорабинӣ ба ҳамаи фидоиён, устову бинокор ва соҳибкорони бомаърифат аз номи аҳли маҳалла миннатдорӣ изҳор карда шуд.