Ovozi.uz

Бунёди 58 бинои бисёрқабата дар Ургут

Садорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷои вилоят ба массиви Ӯзбекистони Нави ноҳияи Ургут барои ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ пресс-тур ташкил кард. Пеш аз он дар худи садорат анҷумани матбуотӣ доир гардид. Дар он сардорони шӯъбаҳои садорат Умар Исоев ва Мирвоҳид Ҳамидов роҷеъ ба корҳое, ки соли равон дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии коммуналӣ иҷро карда шудаанд ва нақшаҳои минбаъдаи садорат ба журналистон маълумот доданд.

— Бо ташаббуси Президенти мамлакатамон танҳо дар соли 2024 барои вилоят дар доираи барномаи инветситсионӣ 1 триллиону 680 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардид ва дар 312 объект корҳои сохтмонӣ ба амал бароварда шуд, — гуфт У. Исоев. — Дар доираи барномаи беҳтар гардонидани инфрасохтори маҳаллаҳо қариб 116 миллиард сӯм маблағи иловагӣ ҷудо карда шуд. Ба ивази чунин маблағгузорӣ бештар аз 300 объект мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, 103 мактаб, 26 ташкилоти таълимии томактабӣ, 7 муассисаи тиббӣ ва 3 объекти варзишӣ сохта шуд. 1 881 километр роҳҳои автомобилгард ва 17 кӯпрук таъмир гардид. Инчунин, 262,7 километр хатти оби ошомиданӣ ва партовоб кашида шуда, 79 адад иншоот ба кор даромад.

Дар рафти анҷумани матбуотӣ маълум гардид, ки аз ҷониби инспексияи назоратии сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷои вилоят дар соли 2024 ҷамъ 1 309 объект ба қайд гирифта шуда, дар объектҳои ба қайд гирифташуда 30 284 маротиба мониторинг гузаронида шудаанд. Аз рӯи натиҷаҳои мониторинг 11 709 камбудиву нуқсонҳо аниқ гардида, ба ташкилотҳои пудратӣ 3 966‑то, ба фармоишгарон 3 946‑то ва ба лоиҳакашон 3 797‑то нишондодҳои хаттӣ фиристодаанд. Барои сари вақт бартараф накардани хатову камбудиҳои нишондодашудаи хаттӣ нисбати шахсони мансабдор 458 ҷаримаи маъмурӣ дида шудаанд.

Дар анҷуман мувофиқи саволҳои рӯзноманигорон оиди дар куҷо бунёд шудани маркази маъмурии вилояти Самарқанд, ба канализатсия равон кардани оби барфу борон, сари вақт накашонидани партовҳо ва ғайра гуфтушуниди доманадор ба амал омад.

Журналисту блогерон дар массиви Ӯзбекистони Нав, ки дар маҳаллаи Мерганчаи ноҳияи Ургут қомат меафрозад, шинос шуданд. Дар ин ҷо барои бунёди биноҳои 9–16‑қабата 39,2 гектар майдон ҷудо карда шудааст. Аллакай дар ин маскан 17 бинои истиқоматии баландошёна мавриди истифода қарор гирифтааст ва баъзе сокинони он Соли навро дар манзилгоҳи нави худ ҷашн мегиранд.

— Ягон моҳ пеш мо ба яке аз хонаҳои ин бино кӯчида омадем, — гуфт Сироҷ Тӯхтаев, сокини мавзеи Ӯзбекистони Нави ноҳияи Ургут. — Хонаи мо дар қабати ҳаштум ҷойгир аст. Лифт кор мекунад. Қувваи барқ доимо ҳаст. Барои зиндагонӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад.

Б.ҶУМЪАЕВ