Ovozi.uz

Тӯҳфаҳои Президент ба соҳибонаш супорида шуд

Аз имрӯз, 26-уми декабр, чорабиниҳои асосии вилоят ба муносибати ҷашни соли нав оғоз ёфт.

Даставвал, дар Театри драмавии мусиқии вилоят спектакл-афсонаи «Шаҳраки шавқовар» намоиш дода шуд. Дар саҳнаи театр Бобои барфӣ ва қаҳрамонони дигар, ҳамчунин ҳарбиён баромад карданд.

Ин чорабиниро тақрибан 600 нафар кӯдакони аз шаҳру ноҳияҳои вилоят омада бо мароқ тамошо карданд.

Идомаи чорабинии «Арчаи Президент» дар тарабхонаи «Олтин Самарқанд»-и шаҳр баргузор гардид.

Пеш аз супурда шудани тӯҳфаҳои Президент ба бачаҳо иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев иштирокдорони чорабиниро бо фарорасии ҷашни соли нав табрик гуфт.

Сипас, намояндагони ҳокимияти вилоят ва шаҳр, роҳбарони секторҳо ҳамроҳи Бобои Барфӣ ва Духтари Барфӣ ба кӯдакон тӯҳфаҳои солинавиро, ки роҳбари давлатамон фиристода буданд, тақсим карданд.

Дар саҳнаи идона барномаи консертӣ кайфияти меҳмононро болида сохт.