Ovozi.uz

Дар як меҳмонхонаи Туркия сӯхтори шадид сар зад

Имрӯз дар меҳмонхонаи як осоишгоҳи лижаронии Туркия сӯхтори шадид ба амал омад. Дар ин бора NBC News хабар додааст.

Тибқи иттилои охир, дар ин сӯхтор дастикам 10 нафар ба ҳалокат расида, 32 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, ҳангоми сӯхтор дар меҳмонхона 234 нафар буданд. Гуфта мешавад, ки барои кам кардани хисороти оташсӯзӣ мардум дар меҳмонхонаҳои ҳамсоя низ ба минтақаи амнтар кӯчонида шуданд.