Рӯзи 29-уми январ дар штати Уттар-Прадеш, ки дар шимоли Ҳиндустон ҷойгир аст, дар фестивали динии Кумбха-мела, бар асари тамбашавӣ, қариб ҳафт нафар ҳалок шуданд ва беш аз 10 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бар асоси хабари рӯзномаи Hindustan Times, ки ба пулис такя мекунад, ҳодиса баъд аз фишор ва тамбашавӣ дар вақти фестивал рӯй дода, тақрибан 3 километр дуртар аз ҷое, ки 40 нафар диндор ҷони худро аз даст дода буданд, содир шуд. Нашр қайд мекунад, ки баъд аз ин фоҷиа, мақомоти ҳокимияти штат дар бораи тамбашавӣ ва қурбонҳо сукут карданд.
Фестивали Кумбха-мела ҳар 12 сол як маротиба дар шимоли Ҳиндистон баргузор мешавад. Аз 13-уми январ то ҳол, беш аз 110 миллион зиёраткунанда дар фестивал ширкат карда, дар дарёи Ганг оббозӣ кардаанд. Тибқи хабарҳо, тӯли 45 рӯз, интизор меравад, ки 450 миллион нафар, аз ҷумла 1,5 миллион хориҷӣ, ба фестивал ташриф оранд.
