Ovozi.uz

«Worldskills Samarkand-2025» 5-умин чемпионати миллии касбҳо ба анҷом расид

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд маросими мутантани супоридани ҷоизаҳои чемпионати «WORLDSKILLS SAMARKAND-2025» баргузор шуд.

Озмун, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо, Ассотсиатсияи «Worldskills Uzbekistan» оид ба рушд ва оммавигардонии касбҳои коргарӣ баргузор гардид, бо мақсади муайян намудани соҳибони касби боистеъдод, ки шаъну шарафи мамлакатамонро дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ҳимоя мекунанд, ташкил карда шуд.

Ширкаткунандагон аз рӯи хулосаи коршиносон ва натиҷаҳои ниҳоӣ ҷойҳои зеринро ишғол карданд:

Дар касби кафшергар:

Ҷойи 1: Холиқулов Ҷавоҳир, вилояти Самарқанд
Ҷойи 2: ​​Абдунабиев Асадбек, вилояти Самарқанд
Ҷойи 3: Ҷумаев Ҷавоҳир, вилояти Бухоро

Дар касби электромонтаж:

Ҷойи 1: Норқӯзиев Саидумар, вилояти Самарқанд
Ҷойи 2: Ибодуллоев Темур, вилояти Сирдарё
Ҷойи 3: Тошпӯлатов Ҷаҳонгир, вилояти Навоӣ

Дар касби «Сантехника»:

Ҷойи 1: Элибоев Шаҳриёр, вилояти Самарқанд
Ҷойи 2: Эргашев Албосид, вилояти Самарқанд
Ҷойи 3: Аллақулов Умид, вилояти Сирдарё

Дар касби ғамхории тиббӣ ва иҷтимоӣ:

Ҷойи 1: Давронова Муслима, вилояти Самарқанд
Ҷойи 2: Акмирзаева Севара, вилояти Сирдарё
Ҷойи 3: Раҳимова Ҳуснора, вилояти Намангон.

Дар чорабинӣ барномаи мусиқии аз ҷониби хонандагони Мактаби ихтисосонида ба санъати Самарқанд омода гардида ба ҳама кайфияти хуш бахшид.

Ғолибону ҷоизадорон бо диплому ифтихорномаҳои созмондиҳандагон ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардонида шуданд.