Роҳбари вилоят дар муроҷиати ба қарибӣ ба аҳолӣ ирсолкардаи худ соҳаи сайёҳиро дар қатори самтҳои бартариноки соли равон алоҳида қайд намуда, таъкид мекунад, ки чораҳои зиёд гардидани маҳаллаҳои сайёҳӣ ва деҳаҳоро мебинанд ва ба 14‑то деҳаву маҳаллаи имкониятҳои сайёҳӣ ва инфрасохторашон баланд чунин дараҷа дода мешаванд.
То имрӯз дар вилояти мо ба маҳаллаҳои «Конигил», «Терсак» ва «Боғибаланд» дараҷаи деҳа ва маҳаллаи сайёҳӣ дода шуда, дар ин ҷойҳо шароити хуби мусоид барои сайёҳон, инфрасохтори мутобиқ ва бисёр ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд.
Соли 2020 дар навбати аввал ҳудуди атрофи канали Сиёбро дар маҳаллаи Конигили ноҳияи Самарқанд, ки аввалин деҳаи сайёҳӣ дар мамлакати мо шуд, обод карданд.
Соли гузашта даври дуюми лоиҳаи мазкурро амалӣ намуданд, инчунин, ҳудуди атрофи канали Сиёбро то шоҳроҳи автомобилии М‑39 обод намуда, объектҳои сайёҳӣ сохтанд. Дар даври дуюм 22 гектар замин фаро гирифта шуд, инчунин канали Сиёбро тоза карданд. Дар ду соҳили Сиёб роҳ, аз ҷумла 2,5 километр роҳи велосипед ва 3,5 километр роҳ барои пиёдагардон сохтанд.
Дар ин мавзеъ сокинони маҳалла ва соҳибкорон 51 объект, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, растаҳои савдо, устохонаҳои ҳунармандон, нуқтаҳои хӯроки умумӣ бо анъанаҳои миллӣ, минтақаҳои истироҳатӣ барпо намуданд.
Дар бораи корҳое, ки соли гузашта амалӣ шудаанд, маълумот дода, мехоҳам қайд кунам, ки 6‑уми феврали соли 2024 Сарвари мамлакатамон дар бораи ташкил кардани минтақаҳои сайёҳӣ-рекреатсионии майдони умумиаш 4656 гектар дар қаламрави маҳаллаҳои «Оҳалик», «Оқбӯрё» ва «Миронқул»-и ноҳияи Самарқанд қарор қабул карда буд.
Ин маҳаллаҳо, ки дар мавзеи кӯҳӣ воқеъ мебошанд, барои инкишофи сайёҳӣ имкониятҳои калон доранд. Пас аз қабули қарори дахлдор дар назди ҳокимияти ноҳия дирексияи минтақаи сайёҳӣ ташкил гардид, дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ мастер-нақшаи лоиҳаи мазкур таҳия карда шуд. Дар ин ҷо самтҳои сайёҳии экстремалии кӯҳӣ чун «зиплайн», «банҷи-ҷампинг» ва «зорбинг», боғ ва роҳҳои қатораи муаллақ, делтапланер ва парапланерҳо ё ки парвоз дар шари ҳавоӣ, инчунин, меҳмонхонаҳо ва воситаҳои замонавии ҷобаҷокунонӣ ташкил карда мешаванд. Ҳоло дар ин самт корҳои амалӣ оғоз гардиданд.
Дар соли 2024 ба вилояти мо 2 миллиону 523 ҳазор нафар хориҷиён ва 4 миллиону 715 ҳазор нафар сайёҳони маҳаллӣ ташриф оварданд. Онҳо дар Самарқанд ба ҳисоби миёна се рӯз меҳмон шуданд, содироти хизматрасонӣ ба сайёҳон ба 537 миллион доллар расид.
Ҳоло дар вилоят 642 воситаи ҷобаҷокунӣ барои 18 ҳазор ҷой, аз ҷумла 175 меҳмонхона, 344 меҳмонхонаҳои оилавӣ ва 121 хостел фаъолият доранд. 389 компанияҳои сайёҳӣ, 680 нафар гид-тарҷумонҳо, 11 маркази ахбори сайёҳӣ кор мекунанд. 125 автобус ва 120 микроавтобуси класси сайёҳӣ дар хизмат аст. Дар солҳои охир сохтори меҳмонхонаҳои минтақа ба талаботи замонавӣ мутобиқ карда шуд, брендҳои байналмилалии меҳмонхонаҳо чун Hilton (ИМА), Movenpick (Франсия), Wellness hotel (Австрия), Minyoun (Хитой), ки ба рӯйхати 50 кишвари беҳтарин (ТОП‑50) дохил шудаанд, ҷалб гардиданд.
Хулоса, дар давоми сол 33 лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиашон 459 миллиард сӯм роҳандозӣ ва 3150 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд.
Барои ба вилояти мо ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ потенсиали сайёҳии он дар форумҳои байналмилалӣ ва намоишгоҳҳо, ки соли гузашта дар Малайзия, Индонезия, Корея, Япония, Латвия, Полша, Франсия, Канада, Венгрия, Испания, Британияи Кабир, Зелландияи Нав, Ҷумҳурии мардумии Хитой, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардиданд, муаррифӣ ва тарғибот карда шуданд. Дар навбати худ барои намояндагони ташкилотҳои калони сайёҳӣ ва кормандони воситаҳои ахбори оммавии беш аз 90 мамлакати хориҷӣ дар вилояти мо инфо-турҳо ташкил карданд.
Имсол ба Самарқанд ҷалб кардани 2,55 миллион сайёҳони хориҷӣ ва вусъати содироти хизмати сайёҳӣ ба беш аз 550 миллион долларро ба нақша гирифта, роҷеъ ба ин масъалаҳо барнома ва лоиҳаҳои дахлдор таҳия карда шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи барномаҳои сармоягузорӣ 30 лоиҳаи арзиши умумиашон 2 триллиону 63 миллиард сӯмина амалӣ мегарданд. 10‑тои онҳо (868 миллиард сӯм) бо бунёди меҳмонхонаҳои нав, 15‑то бо объектҳои хӯроки умумӣ ва истироҳат, 3‑то — объектҳои савдо ва шавқовар, 2‑то бо санатория ва марказҳои офият вобастаанд.
Бар асоси таҷрибаи маҳаллаҳои «Конигил» ва «Терсак» дар 14 ноҳия додани дараҷаи «деҳаҳои сайёҳӣ» ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин маҳаллаҳо 309‑то хонаи меҳмон, хостел, кемпинг, юрта, 138 нуқтаи хӯроки умумӣ, 60 нуқтаи савдо бунёд гардида, хизматҳои замонавии сайёҳӣ, (шарҳои ҳавоӣ, парвоз дар парапланҳо, роҳи симӣ ва ғайра) дастрас мегарданд.
Дар натиҷа, ташкили 1520 ҷои нави корӣ ва таъмини пардохти андози иловагии 13,2 миллиард сӯмина пешбинӣ мешавад.
Мисол, дар маҳаллаҳои «Чорчинор» ва «Амонқӯтан»-и ноҳияи Ургут, «Оқсой» ва «Нурбулоқ»-и ноҳияи Нуробод имконияти рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ мавҷуд аст. Ҳоло дар ин маҳаллаҳо беш аз 50 хонаи меҳмон ташкил кардаанд ва дар мавсими сайёҳӣ ба ин ҷо наздик 60 ҳазор нафар сайёҳон меоянд.
Ҷалб кардани сайёҳони хориҷӣ ба Самарқанд бо муносибати эҳтиромона ба арзишҳои нодир ва тарзи зисти ҳар як халқ ташкил карда мешавад. Мисол бар асоси таҷрибаи Япония дар заминаи терминалҳои манбаъҳои мавзеъҳои кӯҳӣ рушди сайёҳии терминалиро ривоҷ дода, сайёҳони япониро ҷалб кардан мумкин аст. Барои зиёд шудани сайёҳони хитоӣ дар моҳи феврал дар Самарқанд иди «Соли Нави чинӣ», инчунин форуми сайёҳӣ бо иштироки туроператорҳои ӯзбекистонӣ-индонезиягӣ баргузор гардиданд.
Ғайр аз ин, дар Самарқанд гузарондани фестивалҳои байналмилалӣ чун «Наврӯз гастро», «Фестивали сихкабоб» (шашлик), «Бозори Роҳи абрешим», дар ноҳияи Булунғур «Сайли помидор», дар ноҳияи Каттақӯрғон «Шириниҳои Шарқ», дар ноҳияи Қӯшработ «Оҳангҳои Қӯшработ» ба нақша гирифта шудааст.
Дар қарори Сарвари давлати мо аз 29‑уми ноябри соли 2024 дар бораи чораҳои рушди ояндаи муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилояти Самарқанд як қатор вазифаҳо муайян шудаанд, ки бо инкишофи сайёҳӣ дар минтақа вобаста мебошанд.
Аз ҷумла, барои истифодаи самараноки иншоотҳои обӣ дар вилоят ва атрофи онҳо дар қад-қади соҳили канали Дарғам, ки аз қаламрави ноҳияҳои Ургут, Тайлоқ, Самарқанд, Пастдарғам ва шаҳри Самарқанд мегузарад, дар масофаи 35,7 километр самтҳои сайёҳии аз объектҳои савдо ва хизматрасонӣ иборат ташкил карда мешаванд,
Дар каналҳо кӯпрукҳои бисёрфунксионалӣ месозанд ва аз онҳо чун объектҳои тиҷоратӣ ва шавқовар истифода мебаранд. Имсол дар қитъаи канали Нарпай, ки аз қаламрави шаҳри Каттақӯрғон мегузарад, аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорон сохтмони маҷмӯи кӯпрукҳои гастрономиро ба нақша гирифтаанд. Кӯпрукҳо шабу рӯз кор ва дар онҳо конструксияҳои сабуки объектҳои савдо ва хизмати маиширо ҷойгир мекунанд.
Дар солҳои 2025–2026 дар мавзеи кӯҳии Чорчинори ноҳияи Ургут сохтмони роҳи симӣ ва маҷмӯи сайёҳии арзиши умумиаш 25 миллион долларина ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, соли равон амалӣ намудани боз даҳҳо лоиҳа ва чорабиниҳо дар нақша аст. Ҳамаи онҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилоят нигаронида шудаанд, ки имконияти ба яке аз марказҳои калони сайёҳӣ табдил додани Самарқандро медиҳанд. Мисол, бо оғози фаъолияти маҷмӯи аз нав қад росткардаи Имом Бухорӣ, ки имсол кушодани он пешбинӣ мешавад, дар Самарқанд имконияти сайёҳии зиёрат боз ҳам васеъ мегардад.
Инчунин, дар моҳи октябр-ноябри соли равон маҳз дар Самарқанд гузаронда шудани сессияи Сарассамблеяи 43‑юми ЮНЕСКО анбӯҳи сайёҳонро ба шаҳри кӯҳан ва ҳамешаҷавон зиёд мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки дар сессия аз зиёда аз сад давлати дунё беш аз 6000 иштирокчиён ширкат меварзанд.
Ин ва дигар факторҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки соли 2025 оғози даври нави рушди сайёҳии Самарқанд мешавад.
Рустам ҚОБИЛОВ,
ҷонишини ҳокими вилоят.
.
