Аксарияти мо вақте, ки бемор мешавем ва ба сӯзандору (укол) ниёз пайдо мекунем, ба ҷои ин ки ба шифохона равему аз муоинаи духтур гузарем, аз байни ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳои худ шахси сӯзандорукунандаро меҷӯем, то ки сӯзандоруро дар хона қабул кунему ташвиши беморхонаравиамон рафъ шавад.
Ҳатто баъзеҳо аз донишу малака, дар куҷо, чӣ гуна ва чӣ қадар таълим гирифтани шахси сӯзандорукунандаро напурсида, ба ӯ бовар мекунанд ва саломатӣ, ҳатто ҳаёти худро ба дасти ӯ месупоранд. Ин гуна ҳолатҳо хусусан дар деҳкадаҳое, ки аз бемористонҳо дуртар ҷойгир шудаанд, бештар рӯй медиҳанд. Барои мардуми ин деҳаҳо ба бемористон рафтан кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, агар шабона ба духтур ниёз пайдо шавад, маҷбур мешаванд ягон шахси аз табобат каму беш бохабари гирду атрофро ҷеғ зананд.
Шахсоне ҳам ҳастанд, ки аз падару бародар ё ягон шиноси худ тарзи сӯзандорукуниро омӯхтаанду фарзандон, хешу табор ва ҳамсоягони худро сӯзандору мекунанд. Вале барои ин гуна одамон бе таҷриба ва дониши кофӣ, инчунин бе иҷозатномаи тиббӣ касеро сӯзандору кардан мумкин нест.
— Ман дар курсҳои тиббии семоҳа таълим гирифта будам, — гуфт сокини ноҳияи Ҷомбой Н.Қосимова. — Аз ин рӯ, то ба ҳамин қарибиҳо фарзандонамро худам сӯзандору мекардам. Як рӯз таби фарзандам хеле баланд шуд ва ёрии тиббии таъҷилиро ҷеғ задам. Духтури ёрии таъҷилӣ худам сӯзандору кардани фарзандамро фаҳмида, маро аз оқибатҳои он огоҳ кард ва гуфт, ки мо худамон дар ёрии тиббии таъҷилӣ кор кунем ҳам, фарзандонамон бемор шаванд, таваккал накарда, онҳоро ба беморхона мебарем. Аз ҳамон рӯз ин ҷониб фарзандонам ва дигаронро сӯзандору намекунам. Агар фарзандонам бемор шаванд, онҳоро ба назди духтур мебарам.
Дар шароити хона сӯзандору гирифтан чӣ зарар дорад? Сӯзандоруи нодуруст истифодашуда ба кадом оқибатҳо оварда мерасонад? Аслан, киҳо ҳуқуқи сӯзандору карданро доранд?
— Дар хона сӯзандору гирифтани шаҳрвандон якчанд ҷиҳати манфӣ дорад, — фаҳмонд ҷонишини сардухтури Маркази тиббии бисёрсоҳаи кӯдаконаи вилоят Дилшод Раҳмонов. — Якумин асорати манфие, ки пас аз истифода кардани сӯзандору ба миён омада метавонад, шоки анафилактикӣ аст. Шоки анафилактикӣ аксуламали фаврии аллергӣ, ҳолати якбора баланд шудани ҳассосияти бадан мебошад, ки ҳангоми ворид кардани такрории аллерген инкишоф меёбад. Барои бартараф кардани ин ҳолат доруҳое заруранд, ки онҳоро на дар ҳама хонадонҳо пайдо кардан мумкин аст. То ба бемористон овардани бемор ӯ ҳатто метавонад аз олам чашм пӯшад. Дуюм, истифодаи нодурусти сӯзандору метавонад абстсесс, яъне инфексияро пайдо кунад. Абстсесс — ин варамест, ки дар пуст, мушакҳо, устухонҳо, узвҳо ё байни онҳо пайдо мешавад. Пайдо шудани абстсесс асосан бо риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ҳангоми уколкунӣ, масалан дастпӯшак напӯшидани уколкунанда, аз пахтаи тоза истифода накардан ё як пахтаро якчанд маротиба ба кор бурдани он вобаста аст. Сеюм, шахси уколкунанда баъд аз сӯзандору бояд аз ҳолати бемор лоақал як-ду соат бохабар бошад. Чунки баъзе доруҳо метавонанд дертар реаксия диҳанд. Вақте ки мо дар шароити хона сӯзандору мегирем, духтур бештари вақт интизор намешавад ва баромада меравад, вале дар бемористон доим духтуру ҳамшираҳое ҳастанд, ки пас аз ду соат ҳам аз ҳоли шумо хабар мегиранд. Ғайр аз ин, боз бисёр ҷиҳатҳои манфии дар хона сӯзандору гирифтанро номбар кардан мумкин аст.
Бино ба суханони Д.Раҳмонов, ҳоло баъзеҳо дар курсҳои тиббӣ чанд моҳ мехонанду фикр мекунанд ҳамшираи шафқат шудаанд, аз ин рӯ, шахсони гирду атрофи худро сӯзандору кардан мегиранд. Вале аксарияти курсҳои таълими тиббии кӯтоҳмуддат танҳо барои омӯзонидани донишҳои тиббӣ, тарзи ба роҳ мондани ҳаёти солим дар оила, саривақтӣ муайян ва пешгирӣ намудани бемориҳо пешбинӣ шудаанд. Шунавандагони ин курсҳо танҳо дар ҳолатҳои таъҷилӣ бояд аз сӯзандору истифода намоянд.
Хулоса, барои дар шароити хона сӯзандору гирифтан духтуронеро ҷеғ занем, ки барои дар хона ҳам табобат кардан иҷозатнома гирифтаанд, ё ба бемористон равему аз хидмати духтурони соҳибтаҷриба истифода намоем беҳтар аст.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ,
мухбири рӯзнома.
