Дар маҳаллаҳои ҳудуди мазкур беш аз 40 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Дар минтақа мавизпарварӣ, аз нав коркарди меваҳо, ҳунармандӣ ҳамчун соҳаҳои драйверӣ ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ва намояндагони «ҳафтгонаи маҳалла» роҷеъ ба корҳои зиёд кардани даромади аҳолӣ дар маҳалла, кӯмакҳое, ки ба онҳо дода мешавад, таъмини шуғли шаҳрвандон, рушди соҳибкорӣ, тарбияи ҷавонон, пешгирии никоҳи бармаҳал, оиди кор бо зан-духтарон табодули афкор намуданд. Таклифу тавсияҳо дар бораи боз ҳам такмил додани инфрасохтори минтақа, фароҳам овардани қулаӣ барои аҳолӣ ба миён гузошта шуд.
Дар бораи боз ҳам хуб кардани корҳои амалигардида аз ҷониби кормандони маҳалла вазифаҳои навбатӣ муайян карда шуд.
