Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо роҳбари ширкати “Praktik system”-и Чехия Петр Линҳарт вохӯрд.
Дар вохӯрӣ лоиҳаи коркарди партобҳои электронию пластикӣ баррасӣ гардид. Ширкате, ки Петр Линҳарт сарварӣ мекунад, дар бисту чор давлати дунё корхонаҳои коркарди партобҳои электронию пластикиро дорад.
Дар ин корхонаҳо яхдонҳо, дастгоҳҳои хунукӣ ва яхдиҳанда, мошинҳои ҷомашӯӣ ва зарфшӯйӣ ва печҳои микромавҷнок, чангкашакҳо, чойникҳои барқӣ ва дигар таҷҳизоти электронии рӯзгорро аз ҷиҳати экологӣ коркард ва утилизатсия карда мешаванд.
Намояндагони ширкат маълум карданд, ки барои бунёди чунин корхона дар Самарқанд сармоягузорӣ мекунанд. Роҳбари вилоят ба масъалаи коркард ва идораи партовҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, таъкид намуд, ки дар доираи қонун ба сармоягузор ёрии амалӣ расонида мешавад.
