Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев Иляс Демирҷи ва аъзоёни Иттифоқи муҳандисон ва меъморони ҷаҳони туркро ба ҳузур пазируфт.
Меҳмонон барои кумаке, ки дар баргузор намудани Анҷумани шаҳрсозии ҷаҳони турки Иттифоқи муҳандисон ва меъморони ҷаҳони турк расонида шуд, миннатдорӣ изҳор намуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Туркия ба шарофати сиёсати оқилонаи сарони ду кишвар босуръат рушд мекунад. Имрӯзҳо дар вилояти Самарқанд бо иштироки ширкатҳои Туркия 104-то корхона фаъолият нишон медиҳад. Аз ҷумла, 48-тои онҳо корхонаҳои муштарак ва 56-тоаш корхонаҳои хориҷӣ мебошанд. Ҳоло дар Самарқанд дар соҳаи шаҳрсозӣ бо якчанд ширкатҳои Туркия оид ба таҳияи лоиҳаҳо корҳо пеш бурда мешаванд.
Хусусан, имкониятҳои такмили шаҳрсозӣ дар асоси технологияҳои муосир ва ҳалли идоракунӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо иттифоқ дар соҳаи энергияи сабз ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.
Роҳбари вилоят омодагии худро барои баррасии пешниҳодҳои мушаххас дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ дар ин ҷараён изҳор дошт.
