Сармоягузори чинӣ Лиан Йебин лоиҳаи истихроҷ (кофта баровардан) ва коркарди гранитро дар ноҳияи дурдасти Қӯшработи вилояти Самарқанд амалӣ карданро мехоҳад. Дар ин ҷараён сармоягузор барои як ширкати хориҷӣ дар ноҳия бино сохта, дастгоҳҳоро низ овардааст.
Ӯ дар мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Адиз Бобоев, маълум кард, ки вай танҳо бо истихроҷ ва коркарди гранит машғул нашуда, дар оянда фаъолияти худро васеъ намуда, навъҳои хизматрасониро ба роҳ монданро мақсад кардааст.
Мувофиқи лоиҳаи Лиан Йебин 150 ҳазор метри мукааб гранит истихроҷ карда шуда, аз он 2,2 миллион м2 маҳсулоти тайёр истеҳсол карда, содироти он ба кишварҳои хориҷиро андешидааст. Барои ин хоҳиши самаранок истифода бурдан аз таъминоти барқ, имтиёзҳои андозро доштани худро маълум кард.
Роҳбари вилоят ба сармоягузор таъкид намуд, ки бояд бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ва салоҳияти ғании Қӯшработ кор кунад ва омода аст, дар доираи қонун ба ӯ барои боз ҳам такмил додани лоиҳаҳои ояндадор барои ноҳия кӯмак расонад.
