Адиз Бобоев, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят бо намояндагони маъмурияти мактаби “Gimcheon High School”-и Кореяи Ҷанубӣ вохӯрд.
Дар мулоқот тибқи созишномаи байни Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд ва Мактаби миёнаи Гимчеон, имзо гардидани меморандуми ҳамкорӣ вобаста ба муддати се сол таҳсил гирифтани фарзандони оилаҳои камбизоати Самарқанд дар мактаби бонуфузи Кореяи Ҷанубӣ маълумот дода шуд.
Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ имконияти таҳсил барои донишомӯзони синфҳои миёна ва болоӣ дар хориҷи кишвар пайдо мешавад. Аз миёни донишомӯзон 5 нафар интихоб шуда, ба онҳо аз фанҳои риёзиёт, забонҳои корейсӣ ва англисӣ таълими интенсивӣ дода шудааст. Сипас, онҳо ба мактаби миёнаи Гимчеон тавсия карда шуданд. Дар байни онҳо аз рӯи натиҷаҳои хониш ва азхудкунӣ ҳамагӣ се нафар ба мактаб қабул карда шудаанд.
— Ба се нафар донишомӯзи интихобшуда аз ҷониби мактаби миёнаи Гимчеон стипендия дода мешавад, — гуфт Сеунг Мин Ли, ҷонишини директори мактаби миёнаи Гимчеон. — Онҳо бо таълими босифат, ҷойи зист, чипта барои ба Корея рафтан ва китобҳои дарсӣ таъмин карда мешаванд.
Роҳбари вилоят Адиз Бобоев риштаҳои қадимии дӯстӣ ба ҳам пайвастани мардуми Ӯзбекистону Кореяро, ба якдигар монанд будани фарҳангу расму оин ва арзишҳои ду халқро таъкид намуд.
— Ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи таълим барои ҳарду кишвар судманд аст. Мо тарафдори боз ҳам такмил додани ин гуна ҳамкориҳои амалӣ ҳастем, — гуфт А.Бобоев.
Дар вохӯрӣ ба се нафар донишомӯзи интихобшуда сертификатҳо барои таҳсил дар мактаби миёнаи Гимчеон супурда шуданд.
