Ovozi.uz

Дар китобхонаи ИМА боз як нусхаи дастнависи Қуръон пайдо шуд

Дар ин бора профессор Карим Ифрак аз Маркази тадқиқоти олии Франсия зимни як вохӯрии онлайн бо Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон хабар дод.

Карим Ифрак соли 2024 дар Конгресси VIII байналмилалӣ таҳти унвони «Мероси бузурги аҷдодон — асоси Эҳёи сеюм» ва Ҳафтаи байналмилалии мероси фарҳангӣ иштирок намуда, дар бораи нусхаи нодири дастнависи рангаи Қуръони Карим, ки дар даврони Темуриён нусхабардорӣ шудааст, маълумоти ҷолиб дода буд.

Айни замон, ин дастнавис ба қатори лоиҳаҳои Маркази тамаддуни исломӣ дохил карда шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Карим Ифрак хабар дод, ки дар яке аз китобхонаҳои бузурги ИМА боз як нусхаи ин дастнавис пайдо шудааст.

Ӯ ҳамчунин омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Марказ дар мавзӯи «Дастнависҳои Қуръони Карим дар давраи Темуриён» изҳор намуд.

Карим Ифрак таъкид кард, ки дар анҷуманҳои байналмилалии оянда бо кашфиёти нави худ иштирок хоҳад кард. Ҳамзамон, маълум шуд, ки китоби нави ӯ бо унвони «Паёмбари Ислом: Дар назари бузургон ва донишмандони ғарбии панҷ аср» дар ҳоли омодагӣ ба нашр қарор дорад.