Сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Ҷомбой барпо гардид.
Дар он намояндагони ҳокимияти вилоят, роҳбарони ташкилотҳои ноҳияву вилоят, намояндагони Шӯрои халқи ноҳияи Ҷомбой иштирок доштанд. Дар сессия масъалаи ташкилӣ муҳокима карда шуд.
Вакилон ба вазифаи ҳокими ноҳияи Ҷомбой Назаров Хуршид Ориповичро, ки дар вазифаи сардори Садорати Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд кор мекард, тасдиқ карданд.
Х.Назаров то моҳи июли соли 2023 дар вазифаи роҳбари Агентии рушди хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд кор мекард.
