Абдулло Субҳон ҳамеша дар банди фикру андеша аст. Ӯро тазодҳои зиндагӣ ором намегузоранду роҳи ҳалли мушкилотро меҷӯяд.
Шоири асил будан кори осон нест. Зеро шоир маҳз ба тавассути шеър нақши нави ҷаҳон ва зиндагии инсонҳоро аз дидгоҳи худ офаридан мехоҳад. Шоири ҳақиқӣ навовар ва офаридгор аст. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дарди бедармони худ, ҳамзамонон ва бани башарро бо сухан баён кунад. Бо заҳмати зиёд мисли занбӯр аз кӯҳу дашту саҳро ва чаманистони зиндагӣ шаҳди маънӣ ҷамъ меоварад ва онро ба хони табъу зеҳни мардум мегузорад. Бинобар ин, Абдулло Субҳон ҳамеша дар банди андешаву хаёл мегардад.
Имрӯз дӯсти азизи мо, шоири маъруф Абдулло Субҳон ба синни мубораки 70 қадам мегузорад. Ба ин муносибат бо ӯ сӯҳбати пурборе доштам. Инак, хостам муҳтавои он сӯҳбати хотирмонро бо шумо, хонандагони азиз, ба ҳам бинам.
— Бародар, мегӯянд, ки анҷомро аз оғоз меҷӯянд. Шояд баъзеҳо мехоҳанд бидонанд, ки шумо зодаи кадом деҳаву ноҳия ҳастед ва дунёи бачагию наврасиатон чӣ дунёе буд?..
— Ба қавли шоири зиндаёд, устод Лоиқ Шералӣ «Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд»… Инҷониб дар хоҷагии ҷамоавии собиқ «Ғалаба»-и шаҳристони Сайҳунободи вилояти Сирдарё дида ба дунё кушодаам. Овони кӯдакӣ басе хираву тира дар ёд мондааст. Ёдам ҳаст, ки ҷомаи беқасаб доштаму модарам маро ба кӯдакистон мебурд ва ба мураббиёни рус месупурд ва ман худро аз пасаш ба дари қулфзадаи кӯдакистон мезадаму инони гиряро сар медодам. Зеро ҷудоӣ аз модар барои мани кӯдак тоқатфарсо буд. Тазод: нолаи ман ба фалак мепечиду хандаи мураббиязанон ҳавлии кӯдакистонро пур мекард. Онҳо бо конфету кулчақанд мехостанд маро ором бикунанд. Шояд аз он овон ба озодӣ дил баста бошам. Имрӯз низ мехоҳам, инсон ба маънои густурдааш озод бошад… Вақте ҳафт сол доштам, по ба остонаи мактаби ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳодам, ки дар он даргоҳ таҳсил ба ду забон — русӣ ва тоҷикӣ буд. Аз он рӯзгор ба ҷуз сурату суроби ҳамсабақон, устодон, бӯр, сиёҳидону ручка, перо, дафтарҳои якрахаю дураха ва катакдор, тахтаи синф ва партаҳо чизе дар лавҳи ёд намондааст. Дар ибтидо кифи латтагин доштам, дертар падарам, ба шарти хуб хондан, кифи чармин харида буд. Аз ҳамаи фанҳо хушам меомад, вале аз адабиёт бештар. Шеъразёдкунӣ аз шуғлҳои дӯстдоштаам буд. Ҳангоми қироати шеър қофияҳоро бо оҳанги махсус талаффуз мекардам.
— Суоли муқаррарарӣ: баъзеҳо шеъргӯйиро аз овони кӯдакӣ оғоз намудаанд, бархе дар ҷавонию миёнсолӣ, иддае дар пиронсолӣ. Шумо кай ба шеъргӯйӣ шурӯъ кардед?
— Барои худнамоӣ намегӯям, ки аз модар шоир таваллуд шудаам ё аз кӯдакӣ ба гуфтани шеър шурӯъ кардаам. Вақте дар синфи нӯҳ мехондам ду дафтари «шеър» доштам. Боре ҳампартаам, магар аз «шеър»-нависиям паю бӯй бурдааст, маро ба муаллими адабиёт «фурӯхт». Устод дафтари «шеърҳо»-ямро иҷборӣ гирифт. Ва рӯзи дигар бо меҳрубонӣ, то ҷое медонист, ҳусну қубҳи шеъргунаҳоямро намуд. Гуфт: «Шеърнависиро давом деҳ, шеърҳои Рӯдакӣ низ дар қадамҳои аввал дар ин поя будаанд». Намедонистам, ки шеърҳои овони наврасии Рӯдакӣ дар кадом поя буданд, вале суханони устод маро ба гуфтани шеър дилгарм сохтанд.
Вақте донишҷӯйи бахши филология тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд гардидам, то ҷое ба фарқи шеъри хубу нохуб рафтам. Дарк кардам, ки машқҳои овони наврасиям шеър набудаанд.
— Вилояти Сирдарё, дар муқоиса бо вилоятҳои дигари ҷумҳурӣ, вилояти нав аст. Яъне аҳолиаш аз дигар минтақаҳои кишвар омаданд. Падару бобои шумо аз куҷо дар ин вилоят маскун шудаанд?
— Қисме аз аҳолии деҳаҳои Синтаб, Порашт, Ӯхм, Моҷарм, Эҷ, Соб ва Устуки риштакӯҳҳои Нурато солҳои 40‑уми асри сипаришуда, бино ба қарори ҳукумат, барои ба замини корам табдил додани заминҳои бекорхобида ба даштҳои Ҷиззаху Сирдарё омадаанд.
— Хонанда муҳаббати шуморо ба зодгоҳу зодбуми бобоӣ аз «Синтабнома»-атон, ки шоир Одил Икром ба забони ӯзбекӣ хуб баргардон кардааст, эҳсос мекунад…
— Бобову бибӣ ва падару модарам аз зодгоҳу зодбуми худ — деҳаи кӯҳии Синтаб, оби зулоли рӯди чашмаҳо ва гиёҳҳои давоияш бо дилбатсагии зиёд ҳарф мезаданд. Аз нақли онҳо хушам меомад. Дертар ишқу дилбастагии онҳо ба ватани кӯчакашон ба машқҳои инҷониб кӯчид:
Чу модар Синтабашро ёд мекард,
Дилашро аз қафас озод мекард.
Зи сангу чашмаҳо дар домани Сир,
Ту гӯӣ Синтабе бунёд мекард.
Маро зоданд дар паҳнои Сайҳун,
Канори хуррами дарёи Сайҳун.
Ба Синтаб бингарам бо чашми бобо,
Агарчи ӯ набуд шайдои Сайҳун…
— Гуфтед, ки баъд аз хатми мактаб таҳсилро дар бахши филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд идома додаед. Доир ба ин шаҳри бостонӣ чӣ гуфтаниҳое дар ниҳон доред?
— Таҳсил дар донишкада ба рӯям дари дунёи навро боз намуд, бо шеър ва ҳунари шеъргӯйӣ бештар ошно шудам. Дар тӯли чор соли таҳсил Самарқандро фарзандвор дӯст доштам. Таҷриба кардам, ки ин шаҳр дили ҳар як мусофирро, сарфи назар аз қавму нажодаш, шефта месозад. Дар ҳалқаи кӯҳсор, ки қарор дорад, насиме рӯҳафзо дар чор фасли сол вазида канори биҳиштосояшро муаттар мекунад. Унс бо шоирони варзидаю навқалам, устодони донишгоҳу донишкада ва вохӯрӣ бо шоирони касбӣ дар ин хоки шоирхез маро ба олами зебои шеър бештар ворид намуд. Он солҳо дар Хона-музейи устод Айнӣ таҳти роҳбарии нависандаи саршиноси Самарқанд — Болта Ортиқзода маҳфили адабие созмон дода шуда буд. Бо пешниҳоди устод Салим Кенҷа мо — навқаламон дар маҳфил ширкат меҷустем. Баъзан намунаҳои эҷоди худро аз назари устод Хуршед Қамар низ мегузарондем. Дар мавсими пахтачинӣ байни гурӯҳҳо «Байтбарак» ва шабҳои адабӣ баргузор мешуд.
Адибони дар он аҳд ҷавон — шумо, Солеҳ Саидмуродов, Нодир Нодирӣ ва дигарон дар ташкили чунин чорабиниҳо фаъол будед. «Байтбарак» водор менамуд, ки мо бештар шеър аз ёд кунем. Дар тӯли чор соли таҳсил дар марзу бум ба Самарқанду самарқандиён дил бастам. Фикр мекунам, ки дар онҳо хирадмандӣ, фарҳангдӯстӣ, тоҷирию соҳибкорӣ, далерӣ, мардӣ, тамаддунсозӣ ва зебоии зоҳирию ботинӣ таҷассум ёфтааст. Пораҳои зерин пораҳои дили як дилбастаю шефтаи ин хиттаанд:
Дилам мехоҳад, ай хоки барӯманд,
Туро чун модари ҷонам парастам.
Аз он, ки Каъбаи дилҳои покӣ,
Чу Замзам дар биёбонам парастам.
Дина Самарқанду Регистонаш
Сер аз ҷавони толибе буданд.
Ӯ низ аз ҳусну ҷамоли духтарони рашки дунё сер.
Рангин шавад то ҳарфи берангаш,
Аз лолаҳои рӯву барги сабзи
абрӯвон-шон ранг медуздид
В-аз шеваи гуфторашон оҳанг медуздид…
З-ин ваҷҳ, гоҳе машқҳои ӯ писанди ину он бошад.
— Роҳи зиндагӣ ҳамвор нест, шебу фарозҳо дорад. Сухан аз дастовардҳои хеш ба миён меовардед.
— Комёбии инсон бо ҳадафҳояш тавъаманд. Вақте ба ҳадаф расид, комёб аст, агар нарасид, на. Баъд аз хатми донишкада даҳ сол дар мактабҳои зодгоҳам аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтам. Дар тӯли ин солҳо оташи ишқи сухани муқаффо ҳамеша дар дилам забона зада, ба нокуҷоҳое даъват мекард. Ба нашрияҳои Тоҷикистону ватанӣ машқҳоямро интиқол медодаму номаҳои ҷавобӣ мегирифтам, баъзе машқҳоям рӯйи чопро медиданд. Устодон дар номаҳои ҷавобӣ ҳусну қубҳи қаламиҳоямро нишон медоданд. Дар рӯзгорам як ҳодисаи масарратбахш ин буд, ки соли 1983 аз номи масъули кор бо адибони ҷавони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — Меҳмон Бахтӣ нома гирифтам. Ӯ маро ба курс- конференсияи адибони ҷавон даъват менамуд. Як ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон — Душанбеи нозанин бо устодони каломи бадеъ ва адибони ҷавон дидору мулоқот доштам. Ба курс-конференсия аз Хуҷанди бостонӣ шаҳбонуи шеъри муосири форсӣ (дар он вақт шоири ҷавон) Фарзонаи Хуҷандӣ низ даъват шуда буд… Дар маҷаллаи «Садои Шарқ» нашри намунаи шеърҳои инҷониб, ба сифати иштирокдорони курс-конференсияи адибони ҷавон, падидаи хушҳолкунанда буд. Дертар ба ин муносибат маҷмӯаи дастҷамъие низ рӯйи чопро дид. Соли 1988 тавассути нашриёти «Адиб» нашри китоби нахустинам таҳти номи «Мушки субҳ» комёбии дигар буд. Солҳои бозсозии горбачевӣ ба шарофати роҳбари якуми кишварамон — Рафиқ Нишонов (ба гӯраш нур борад) рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар як ҳафта панҷ маротиба рӯйи чопро медидагӣ шуд. Ин ҳолат тақозо дошт, ки сафи кормандонаш зиёд шаванд. Бо қарори ҳукумат ба ходимони рӯзнома панҷ хонаи нав ҷудо карда шуда буд, ки яке аз онҳо насиби инҷониб гардид. Дар ёду хаёлам набуд, ки ба хотири машқҳои навшогирдона дар пойтахти ҷумҳурӣ хонаи панҷҳуҷрагӣ насибам мегардад. Парвардигорро шукр. Дар ин даргоҳи муқаддас — рӯзномаи «Овози тоҷик» ду сол ба ҳайси мухбири калон ва ходими адабӣ ифои вазифа намудам. Дертар бори масъулияти муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунарро ба дӯш гузоштанд. Ба шарофати бозсозӣ дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Шӯрои адабиёти тоҷик таъсис дода шуд, ки раисиашро шодравон устод Ҷонибек Қувноқ бар ӯҳда дошт. Соли 1994 маро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфтанд. Дертар, соли 2022 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудам.
— Табиист, ки инсон дар тӯли умр на ба ҳамаи орзуҳояш расида метавонад. Шумо оё ба ҳамаи орзуҳоятон расидаед?
— Яке аз орзуҳоям, худшиносӣ ва бедории сартосарии ҳар як қавм буду ҳаст, ки шояд ин орзуям пиёда нагардад. Умре бо орзуи гуфтани шеъри баланд тапидам. Мегӯянд, ки шоир шеъри хубашро дар гӯр мегӯяд. Шояд ба инҷониб низ навиштани шеъри хуб дар гӯр муяссар мегардад:
Пайи Ҳофиз, пайи Хайём рафтем,
Ба дасте хома, дасте ҷом рафтем,
Вале як байти хотирмон нагуфтем,
Зи дунёи сухан ноком рафтем…
— Баъзан шумо дар навиштаҳоятон аз паст будани сифати таълими фанҳои забон ва адабиёт сухан ба миён меоваред. Мактабҳо фаъолият доранд, омӯзгорон маош, хонандагон баъди хатми мактаб номаи камол мегиранд. Вале шумо мегӯед, ки сафати таълими фанҳои забон ва адабиёт паст аст…
— Шумо мехоҳед, ки гуфтаҳоямро собит намоям. Фикр мекунам, ки изофанависӣ аз мактаб шурӯъ мешавад. Сарфи назар аз он, ки сифати таълим дар кадом поя аст, барои маош гирифтан, ҳамин кофист, ки омӯзгор мавзӯъҳоро дар журнали синф қайд намояд ва ба хонандагон баҳо гузорад. Дар мактабҳо пастии сифати таълим то ҷоест, ки наваду панҷ дарсади насли ҷавон баъди хатми мактаб ва ба даст гирифтани номаи камол, ба сари худ ариза, тарҷумаи ҳол, нақли хаттӣ ва иншо навишта наметавонад.
— Тавре ки дар як мақолаатон гуфтаед, шояд механизми таълими забон ва адабиётро бояд тағйир дод?
— Инҷониб, баъди хатми донишкада, ба насли ҷавон даҳ сол аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтам. Шогирдони камина низ, баъди хатми мактаб, ба сари худ ариза ё тарҷумаи ҳол навишта наметавонистанд. Сабаби ин ҳолро, ба таври худ, дертар кашф намудам. Натиҷа гирифтам, ки бояд механизми таълими забон тағйир дода шавад. Фикр мекунам, дар мактабҳо тартиби таълим бояд бад-ин зайл бошад: аввал забон ва адабиёт, баъд химия; аввал забон ва адабиёт баъд физика; аввал забон ва адабиёт, баъд математика; аввал забон ва адабиёт, баъд таърих; аввал забон ва адабиёт, баъд география… Суоле табиӣ ба миён меояд, ки чаро аввал забон ва адабиёт? Зеро он чи, ки хонандаро ба моҳияту муҳтавои дигар фанҳо ворид месозад, забон аст, дар ҳамаи фанҳо матлаб ба тавассути забон (вожа, ибора ва ҷумла) баён мешавад. Адабиёт ғизои бебаҳои маънавиест, ки дар ташаккули инсони комил нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, натиҷа гирифтам, ки таълими қоидаҳои забон дар мактаб шуғли бесуд аст. Бояд забон ба насли ҷавон бе қоидаҳои грамматтикӣ омӯзонда шавад. Ин шуғли бесуд вақти зиёди омӯзгор ва тоилибилмонро мегирад. Мо чӣ мекунем? Ба хонандае, ки таркиби луғавиаш ночиз асту дар доираи забони меъёр ҷумлае сохта наметавонад, аз ёд кардани қоидаҳои даҳ ҳиссаи нутқ, сараъзо ва аъзои пайрав, ҷумлаҳои содаву мураккабро супориш медиҳем, талаб мекунем, ки ба зери хабари ҷумла ду хат, ба зери мубтадо як хат кашад… Фикр мекунам, дар таълими забон холигоҳи қоидаҳои забонро бояд корҳои амалӣ: кор бо луғат, ҳифзи беҳтарин пораҳои насрии қадиму ҷадид ва муколама пур кунанд. Осори насрӣ бо се услуб: бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ офарида мешавад. Ғалат накунам, Сӯзании Самарқандӣ фармуда будааст, ки агар шоири ҷавон панҷ ҳазор байт аз ашъори шоирони қадим ва панҷ ҳазор байт аз ашъори шоирони муосир ҳифз намояд, шеъри хуб навишта метавонад. Пас, чаро агар мактабиён, дар тӯли даҳ сол даҳ ҳазор пораи насрӣ ҳифз кунанд, дар сатҳи як нависанда ё олим ё журналист ҷумла пардохта натавонанд? Итминони қавӣ дорам, ки метавонанд. Зеро пораҳои насрӣ дар зеҳни насли ҷавон қолаби ҷумлаи саволӣ, нақлӣ, хитобӣ, сода, мураккаб, яктаркиба, дутаркиба ва ҳоказоро ташаккул медиҳанд. Ин усул имкон медиҳад, ки насли ҷавон, сарфи назар аз он, ки дар кадом гӯшаю канори дунё ба сар мебарад, забони меъёриро, бе ишкол, дар сатҳи баланд омӯзад…
Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА
