Баҳора ХУРРАМОВА, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фалсафа оид ба фанҳои зебоишиносӣ
Зан вақте худро хушбахт ҳис мекунад, ки дар оила ва муҳити атрофаш муҳаббат ва эҳтиром дошта бошад. Бештари онҳо хушбахтии худро дар оила ва муҳити ором мебинанд.
Психологҳо қайд мекунанд, ки занон дорои ҳисси шашум (интуитсия) мебошанд. Онҳо метавонанд чизҳоеро, ки бо ақл шарҳ дода намешаванд, бо ҳисси ботинии худ дарк кунанд. Бонувон одатан ҳассостар мешаванд. Ин ҳассосият онҳоро меҳрубон, ғамхор ва дилсӯз мегардонад.
Паёмбар (с) фармудаанд, ки «Ҳар касе, ки соҳиби духтарон шавад ва онҳоро бо муҳаббат тарбия кунад, барои ӯ биҳишт муқаррар мегардад.» Ин ҳадис беҳуда нест. Модар, хоҳар, зан — ҳар яке дар зиндагии инсон нақши бебаҳояшонро иҷро мекунанд. Бонувон бо ҳузурашон ба хона нур ва гармӣ мебахшанд. Дар ҷомеа низ нақши онҳо бебаҳост, зеро ҳам оила месозанд ва ҳам пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд.
Ман якояки бонувони рӯи ҷаҳонро бо Ҷашни зан-духтарон табрик гуфта, барояшон тамоми хушиҳои рӯи заминро таманно дорам!
Рухшона РАҲМОНОВА, донишҷӯи курси дуввуми Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд
Баҳор фасли эҳёшавии табиат аст: дарахтон сабз мешаванд, гулҳо мешукуфанд. Зан-модар низ ҳаёт мебахшад, фарзандонро ба дунё меорад ва тарбия мекунад.
Баҳор бо ҳавои нарм ва офтоби гармаш заминро гарм мекунад. Меҳрубонии модар ба фарзандон низ мисли ин гармӣ дилҳоро равшан менамояд. Ӯ ҳамчун баҳор сарчашмаи зебоӣ ва муҳаббат аст, ки хонавода ва ҷомеаро шукуфон мекунад.
Модар бо меҳнати пайваста ва муҳаббати беинтиҳояш фарзандонро тарбия карда, онҳоро ба ояндаи равшан омода месозад.
Хулоса, зан-модар мисли баҳор аст. Чӣ тавре ки баҳор дунёро бо зебоии худ шукуфон мекунад, зан-модар низ бо муҳаббат ва ғамхориаш оламро равшан мегардонад.
Ба тамоми бонувони ҷаҳон ҷашни 8‑уми мартро муборак бод мегӯям!
Ҷунайдова ЗАРИНА, корманди маркази ахборкитобхонаи ба номи А. С. Пушкин
Саводнокии занон яке аз муҳимтарин омилҳои пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Агар зан китоб хонад ва дониши худро афзоиш диҳад, ин танҳо ба худи ӯ не, балки ба хонавода, фарзандон ва ҷомеа низ таъсири мусбӣ мерасонад.
Ман зиёда аз бист сол аст, ки дар китобхонаи ба номи А. Пушкини вилоят фаъолият мебарам ва аз доимо дар ин ҷо зиёд будани шумораи китобхон-духтарон хурсанд мешавам, ки онҳо дар оянда барои боз ҳам гул-гул шукуфоии кишварамон саҳми худро ҳамроҳ мекунанд. Аз фурсат истифода бурда тамоми бонувони Самарқанд ва кишварамонро бо фарорасии ҷашни зебои баҳор ва Рӯзи зан-духтарон самимона табрик мегӯям.
