Шартҳои рӯзадорӣ бошанд, аз зеринҳо иборатанд:
— рӯзадор бояд тибқи шариат ба синни балоғат расида бошад;
— рӯзадор бояд ақли солим дошта бошад, ҳаётро ба таври кофӣ дарк кунад ва бемори рӯҳӣ набошад;
— рӯзадор бояд солим бошад, то дуруст рӯза дошта тавонад.
Рӯза барои кӣ мувофиқ нест?
— Шахсоне, ки дар сафари дур ва ё дар масофаи бештар аз 90 километр дуртар аз хонаи худ қарор доранд ва дар ҷои нав на бештар аз 15 рӯз мебошанд. Агар мусофир хоҳад, метавонад рӯза гирад, аммо тибқи дини ислом аз чунин фарз озод аст.
— Шахсоне, ки мушкили саломатӣ доранд. Агар рӯза боиси бад шудани ҳолати онҳо шавад, метавонанд рӯза нагиранд.
— Заноне, ки ҳайз доранд ё давраи баъди таваллудро аз сар мегузаронанд.
— Заноне, ки ҳомиладоранд ё тифли ширхора доранд.
— Пиронсолоне, ки дар гирифтани рӯза душворӣ мекашанд ва онҳое, ки ба бемориҳои табобатнашаванда ва доимӣ гирифтор шудаанд.
Ин гуна шахсон метавонанд барои кафорати рӯза садақа диҳанд.
Чиҳо рӯзаро мешикананд?
❗️ қасдан хӯрдани хӯрок;
❗️ нӯшидани об;
❗️ истеъмоли доруҳо;
❗️ тамокукашӣ;
❗️ алоқаҳои наздики зану шавҳар.
Дар моҳи Рамазон чӣ ҷоиз аст ва чӣ рӯзаро намешиканад?
✅ агар шахси рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ чизе хӯрад ё нӯшад, вале баъд ба худ омада, бозистад, рӯзаашро идома медиҳад;
✅ агар ҳаммом ё таҳорат кунад;
✅ агар таъомро бичашад, вале онро фурӯ набарад;
✅ агар даҳон ва бинии худро шӯяд;
✅ агар ба чашмонаш дору ва сурма кунад;
✅ агар зарраҳои ғизоро, ки дар байни дандонҳо боқӣ мондаанд, фурӯ барад, ба шарте, ки зарраҳо аз нахӯд калонтар набошанд;
✅ агар дандонҳои худро мисвок кунад;
✅ агар ягон моддаи хушбӯйро бӯ кашад;
✅ агар хун диҳад;
✅ агар нутфа беихтиёр барояд;
✅ агар қай кунаду миқдори кам хориҷ шавад: қайкуниҳои идоранашаванда, ки онро мустақилона дубора фурӯ бурдан мумкин аст.
