ё худ андешаҳо баъд аз мутолиаи «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ
Модар нахустин омӯзгори ишқ ва меҳрубонист, ки бо лабханди гармаш ҷаҳонӣ фарзандро нурбор мекунад. Дасти дуояш ҳамчун соябони раҳмат ҳамеша болои сари фарзандон аст. Модар аввалин устоди ҳаёт аст, ки бо лаҳни ширинаш моро ба дунёи муҳаббату садоқат раҳнамоӣ мекунад. Дили модар мисли дарёи бекарон аст, ки аз он меҳри беинтиҳо ҷорӣ мешавад. Агар зиндагӣ китоби бузурге бошад, пас модар аввалин саҳифаи он аст. Беҳуда нест, ки шоиру нависандагон каломи худро бо васфи ӯ оғоз менамоянд.
Шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ низ дар эҷодиёти худ ба мавзӯи модар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардааст. Аввалин шеъри ӯ «Ба модарам» ном дошта, соли 1966 навишта шудааст.
Дар шеърҳои ба модар бахшидаи шоир симои миллию шарқонаи модар ва ҳиссиёти беолоишу поки зан тараннум ёфтааст. Аз ҷумла, шеърҳои «Модар», «Суруди модар», «Қасидаи модар», «Чордард», «Ту монанди замин танҳоӣ, модар», «Ҳасрат» бо ҳамин оҳанг суруда шудаанд.
Бо хондани ин шеърҳо мо чеҳраи азизи модарро дар зеҳнамон зинда мекунем, ширинтарин лаҳзаҳои зиндагиро пеши рӯ меорем ва насиҳатҳои гӯшнавози модар дар гӯши мо садо медиҳанд, ба рӯзҳои бачагиву беғамӣ бармегардем:
Модарам мегуфт доим вақти хоб:
Хоб кун, албатта, бо паҳлӯи рост!
Он ҳама коре, ки ният мекунӣ,
Сар бикун бо қувваи бозуи рост.
Оре, модар ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ аст.
Воқеан, Лоиқ Шералӣ тавонистааст эҳсоси дили модарону фарзандонро бо ҷаззобияти хос тасвир намояд. Хусусан, дар «Модарнома»-аш симои азизу зоти шарифи модарро чун тимсоли некиву накӯкорӣ, меҳру муҳаббат ва бузургворӣ ба қалам додааст.
Шоир ба ҷовид боқӣ мондани ҷисму ҷони модар бовар дошт ва инро борҳо такрор кардааст.
Мисраъҳои зерин чеҳраи зебо, рӯҳи пурдард ва дили орзуманди модарро ифода мекунанд:
Нарафтӣ берун аз як деҳ, надидӣ рӯи оламро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди деҳа гӯё домани гардун бичаспида,
Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ,
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту, аё модар, аё модар!
Модар дар тасвири шоир мисли дарахти кӯҳансол аст, ки решаҳояш ба хоки деҳа баста, вале орзуҳои сабзаш то ба фалак расидаанд. Ӯ бо нигоҳҳои маҳзунаш роҳҳои дурро тай кардааст, бо дуоҳои беовозаш аз кӯчаи шаҳрҳои бегона гузаштааст. Вале қисмат ӯро дар чорчӯбаи танги деҳот нигоҳ дошта.
Лоиқ Шералӣ дар «Модарнома»-и худ сарбаландӣ ва шарафу номуси модарро дар мадди аввал гузошта, бо соддагиву самимият моҳирона ба риштаи тасвир кашидааст:
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чӣ дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!
Шоир модарро ба мисли замину осмон ва моҳу хуршед ягона меҳисобад ва касеро ҳамтои модар намедонад:
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Модар дар шеъри Лоиқ Шералӣ ҳамчун мазҳари меҳру вафо, сарчашмаи ҳаёт ҷилва мекунад. Ӯ модарро ҳамчун бахшандаи ҳаёт ва мураббии нахустини фарзандон ситоиш мекунад. Модарро кӯҳе медонад, ки фарзандон ба ӯ такя мекунанд, чашмае медонад, ки ташнагии меҳру вафоро мешиканад.
Шоир бо шеърҳои пурэҳсосаш симои модарро дар қалби хонанда бо ҳуруфи муҳаббат сабт кардааст. Ашъори ӯ на танҳо васфи модар, балки як мактаби бузурги инсонӣ ва меҳрпарварист, ки ҳар суханаш қалбро нарм ва рӯҳро мунаввар месозад.
Меҳрубон МАРДОНОВА,
донишҷӯи курси аввали факултети филологияи ДДС
