Ovozi.uz

Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълими олии Фаронса

Дар арафаи ташрифи Президент Шавкат Мирзиёев ба Фаронса, дар шаҳри Париж дар мавзӯи «Илм-фан ва таълим: пули Ӯзбекистон ва Фаронса» анҷумани байналхалқӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 30 нафар роҳбарони муассисаҳои таълими олӣ ва мутахассисони пешсафи соҳаи илму фан ва таълим иштирок карданд.

Дар ин анҷуман ҳамчунин раҳбарони чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии Самарқанд ширкат карда, бо ҳамкасбони фаронсавии худ созишномаҳои муҳим имзо карданд.

Хусусан, байни Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ва Маркази методикии инноватсионии омӯзиши забони фаронсавии Фаронса шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Самарқанд низ дар сессияи «Мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ», ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз ва рушди мероси таърихии Фаронса ва Ӯзбекистон бахшида шуда буд, фаъолона иштирок намуданд.