Ovozi.uz

Боздид аз хона-музейи Ориф Гулханӣ

Дар Самарқанд бисёр намояндагони илму маърифат ва донишмандони маъруф ба камол расидаанд, ки яке аз чунин шахсиятҳо шоири зуллисонайну маърифатпарвари охири асри XIX ва ибтидои асри XX Ориф Гулхании Самарқандӣ мебошад. Боиси хурсандист, ки хонаи зисти шоир ба Хона-музей табдил дода шудааст.

Мо — донишҷӯёни курси 2‑юм бо роҳбарии муалимон Дилрабо Назарова ба ин даргоҳ сафар кардем. Моро набераи Ориф Гулханӣ, шахси соҳибмаърифат Муқимҷон Орифӣ пешвоз гирифт.

Аз сабаби зебову гулпӯш будани он манзил он бо номи «Боғи Гулханӣ» ҳам машҳур буда, дар ин ҷо имрӯзҳо низ чун дар замони шоир ҳар хел маҳфилҳои шеърхонӣ гузаронида ва анвоъи гулҳои гуногун парвариш карда мешаванд. Гулҳоро Муқимҷон Орифӣ ва аъзои оилаи ӯ парвариш намуда, ҳар сол дар доираи аксияи «Самарқандро гулпӯш мекунем! 1+10» ва ҳаракати «Ҳар донишҷӯ бояд гули худро дошта бошад» ба дӯстдорони гул, муассисаю ташкилотҳо ва меҳмонони хона-музей тӯҳфа мекунанд.

Дар осорхона зиёда аз 2500 нигора мавҷуд аст ва қисмати асосии онҳоро китоб ва дастнависҳои шоир ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо наздик ба 5000 адад китобҳо мавҷуданд, ки маъмурияти хона-музей нақшаи ташкили китобхонаро ҳам дорад. Инчунин, дар ин ҷо либос ва асбоби рӯзгори замони шоирро то ба ҳол нигоҳ доштаанд, ки диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб мекунад.

Х.ҲАБИБУЛЛОЕВА,
донишҷӯйи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд