Ба ғайр аз кишварҳои мизбони Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 боз 4 дастаи мунтахаб роҳхати иштироки мусобиқаи бонуфузро ба даст оварданд. Кишварҳои мизбон Канада, Мексика, ИМА ва ҳамчунин Ҷопон, Зеландияи Нав, Эрон, Аргентина соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 гардиданд.
Мунтахабҳои дигар ҳоло дар бозиҳои интихобӣ муборизаро барои роҳ ёфтан ба ин мусобқаи бонуфузи ҷаҳонӣ идома медиҳанд.
Аввалин кишваре, ки ба ғайр аз мунтахабҳои мизбон роҳхатро ба даст овард, ин Ҷопон буд. Аз Уқёнусия Зеландияи Нав ин роҳхатро соҳиб шуд. Аз Осиё Эрон бори чаҳорум пайиҳам соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон гардид. Аз Амрикои Ҷанубӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон дастаи миллии Аргентина роҳхатро аввалин шуда ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, бори аввал 48 дастаи мунтахаб иштирок мекунанд.
Манбаъ: Варзиш тв.
