Ovozi.uz

«Ҳунаре, ки дар расмҳо акс ёфтааст»

Дар ноҳияи Булунғур бахшида ба 75-солагии фотожурналист Раббим Ҳотамов бо ҳамкории шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон, Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои вилоят, ҳокимияти ноҳия ва таҳририяти рӯзномаи «Булунғур ҳаёти» вохӯрии «Ҳунаре, ки дар расмҳо акс ёфтааст» ташкил гардид.

Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия Самандар Остонов эҷодкори соҳибтаҷрибаро аз номи аҳли ҷамоатчигӣ табрик гуфта, хизматҳои Р.Ҳотамовро дар акси ҳаёти мардуми сарбаланди ноҳия дар ВАО эътироф намуд ва ба ӯ ифтихорнома супурд.

Раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Зарафшон» Ғолиб Ҳасанов, ҷонишини рӯзномаи «Овози Самарканд» Тошқул Азимов ва дигарон роҷеъ ба роҳи ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Раббим Ҳотамов ҳарф зада, инсони камтарин, ростгӯй ва оилапарвар будан, пайваста ба зинаҳои баландтар баромадани таҷрибаи касбӣ ва ғолиби озмунҳо шудани ӯ ҳарф заданд.

Ҳозирон аз имконияти мазкур истифода бурда, аз муҳаррири рӯзномаи «Булунғур ҳаёти» Ғулом Ӯролов роҷеъ ба таърихи таҳририят ва шароити имрӯзаи он маълумот гирифтанд.

Наврӯз БОБОАҲМАДОВ,
Аксбардор Ҳусайн Элтоев.