Марҳилаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фаъолтарин корманди иҷтимоӣ» байни кормандони ташкилотҳои тобеи Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ баргузор гардид.
Ҳудуди 1000 нафар кормандони иҷтимоӣ, ки дар марҳилаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии озмун ғолиб омадаанд, оид ба ду самт дар панҷ марҳила рақобат карданд.
Аз рӯи ҷамъбасти озмун дар бахши «Фаъолтарин корманди иҷтимоӣ» корманди маркази хизматрасонии иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Каттақӯрғон Сироҷиддин Шарофов ғолиб дониста шуд. Ҷойҳои баъдӣ насиби Нигорахон Насриддиноваи оқдарёӣ ва Зилола Неъматова ҷомбойӣ гардид.
Дар бахши «Фаъолтарин ёрдамчии корманди иҷтимоӣ» корманди маркази хизматрасонии иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Самарқанд Заҳро Холтураева мақоми аввалро касб кард. Шаҳзода Исломова аз маркази хизматрасонии иҷтимоии «Инсон»-и ноҳияи Булунғур ҷои дуюм, Озода Зиятоваи каттақӯрғонӣ ҷои сеюмро ишғол карданд.
Ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуда, барои иштирок дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
