Ovozi.uz

Дар Чин ба нафароне, ки вазнашон аз 50 кило камтар аст, кӯча набаромаданро эълон карданд

Дар шимоли кишвар шамоли сахт оғоз ёфт. Кӯдакон ба мактаб намераванд, боғҳо баста шуда, чорабиниҳои оммавӣ бекор карда мешаванд. Ба гуфтаи мутахассисон суръати шамол то 150 км/соат мерасад.

Ҳокимияти маҳаллӣ аз шаҳрвандони вазнашон камтар аз 50 кило даъват мекунад, ки барои бехатарӣ дар хона бимонанд. Аз он хавотир мешаванд, ки шамол онҳоро паронда мебарад.